Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ҳамчунин ба назди Мирзо ва чойхонаи Мирзо ва ансамбли чойхоначи вай равуо мекарданд.
Аз ҷумҳурии ҳамсояи Узбекистон низ Акмалҷон Мӯфтихонов ва Расулқории дуторӣ ба чойхонаи Мирзо зиёд меомаданд. Ва мақомҳое, ки Мирзо ва дастааш менавохт, шунида ба ҳайрат меомаданд, онҳоро аз бар мекарданд. Зеро оҳангҳои Мирзо қадру қимати беҳад доштанд. Ва Мирзо мақомҳое, ки дар кӯдакиаш ва наврасиаш шунида ва омӯхта ва аз бар карда буд, бо ҳамон таровати аввалаш эмин дошта, то рӯзгори навин расонида тавониста буд. Зеро Мирзо амсоли санъаткорони тӯйгард набуд, ки барои бисёр пул рӯёнидан «ширин шавад» гуфта, вобаста ба сол ва маърака оҳангҳои дар муддати қарнҳо шаклгирифтаю комилшуда ва беҳамтои классикии миллати худро тағйир диҳад. Зеро ин таҳриф метавонист дар оянда зиён биоварад ва банду басти оҳангҳои классикиро вайрон кунад, қадру қиммати онҳоро коста гардонад.
Вохӯрии Мирзо бо Ҷӯрахон Султонови маргелонӣ ва Маъмурҷон Узоқов ҳамчунин аҷиб буд. Хусусан Ҷӯрахон аз оҳангҳои Умар Ҳофиз чанд суруда тараннум мекард, ки ёдгорӣ буд аз ҳофизу созандаи беҳамто, аз он марди баномуси хушном. Сурудаи поёнро ҳам, ки гувоҳи дар интихоби матн усто будани интихобгарашро нишон медод ва онро Ҷӯрахон аз худи Умар Ҳофиз омӯхта буд, акнун дар Исфара, дар чойхонаи Мирзо тағаннӣ мекард. Тағаннӣ мекард бо он забоне, ки Умар Ҳофиз месароид, як замоне, яъне бо тоҷикӣ тараннум мекард:
Агар булбул шавам шавқи гули рӯи ту мебояд,
Агар Маҷнун шавам ранҷи гесӯи ту мебояд.
Агар мулло шавам дарси ғами ишқи ту мехонам,
Дигар сӯфӣ шавам завқи Ҷаҳӯю ту мебояд.
Агар мӯъмин шавам дар чашмаи кӯят ватан созам,
Дигар муфлис шавам завқи такопӯи ту мебояд...
Боре Муҳаммадбои Маргелонии тоҷик, ки ба Исфара, ба чойхонаи Мирзо омада буд ва гуфторашро дар лентаи телевизиони Узбекистон сабт карда буд, чунин изҳор дошта буд:
-Устоди бисёрии мо ҳофизони Осиёи Миёна Умар Ҳофиз буд ва Қорӣ Носир буд аз ҳамин Исфараи Тоҷикистон. Мо аз онҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё