Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
чизҳои фаровон омӯхта ва аз бар карда будем... Шукр, акнун ансамбли классикии Исфараи қадимро Мирзои Навозанда дар чойхона аз нав эҳё карда ва эмин дошта тавониста ва роҳи Умар Ҳофизи номӣ ва Қорӣ Носири беҳамторо идома дода тавонистааст.
Мирзо одамонеро хуш надошт, ки чойхонаро ба манбаи фиребу найрангу даромад бадал дода, ба тозагию озодагии он риоя намекарданд ва ба мизоҷон муомилаи хуш надоштанд.
Ана боре Мирзо ҳамроҳи узви дастаи санъаткорони чойхонагиаш, яъне Иброҳимҷон ва Қорӣ Муҳаммадҷон ба сайру саёҳати чанд навоҳии дигар рафта буданд. Сари роҳ ба чойхонае ворид гардиданд. Ва азбаски ҳаво дам задагӣ буд, хостанд, як пиёлагӣ чойи гарми кабӯд нӯшида, тасфи дилро паст нишонанд, зеро мардуми кишвари иклимаш сӯзон ҳикмате дорад, ки «гармиро гармӣ мебурад».
Чойхоначии ин чойхона дар тан майкаи чиркини кайҳо ношуста дошт ва ба чойникҳои ҳамчунин кайҳо ношуста чой дам карда медод. Вақте ки навбат ба Мирзову Иброҳимҷон ва Муҳаммадҷон расид, чойхоначӣ гуфт, «чойнику пиёла нест». Ва Мирзову ҳамроҳонаш ба нияте, ки ҳеҷ не, лаҳзае нишаста, нафас рост карда бошанд, паҳлӯи чойхона қати холие дарёфтанд, вале ин кат чиркину хеле боз норуфта буд ва болояш шолу кӯрпача надошт. Қорӣ Муҳаммадҷон назди самоворчӣ рафт, то палосу кӯрпача бигирад, вале чанде пас дасти холӣ баргашт.
- Аз санг параҳа мепараду аз ин чойхоначӣ не! — изҳори дошт вай.
Иброҳимҷон ҳам рафта омаду даст афшонида, ифода кард:
- Одами ношуд будааст ин чойхоначӣ, забонаш гунда барин заҳр дорад-е!
Бо вуҷуди ин Мирзо ҳам тарафи самоворхона рафт.
Чойхоначӣ, ки дар қаҳр метофт, ба майкаи чиркини танаш ишора карда, бо иллат гуфт:
- Палос набошад майкаи танамро кашида диҳам чӣ! Аҷаб одамоне будаед-даа!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё