Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ки дар ҳар сафар ҳамроҳ мегирифт ва андарунаш чун ҳамеша асбобҳои навогарии худаш буд, кушод. Аз он ҷо дутор гирифт, тораҳои онро ҷӯр намуд. Ва боз як ба тарафи чойхона нигаристу ба шарикони худ фармуд:

  • Ман менавозам, шумо месароед!

Иброҳимҷону Қорӣ Муҳаммадҷон ҳайрон аз вай чашм намеканданд: «баъди чунин асабӣ шудан магар мавриди навохтану тараннум кардан бошад?»

Вале Мирзо ҳанӯз менавохту шиддат ҳам карда буд:

  • Ба даҳонатон об гирифтед чӣ? Сароед гуфтам, сароед-даа!

Иброҳимҷон лаҳзае дудила шудагӣ барин андешаманд нишасту пасон «дили Мирзо наранҷад» гуфта, ба замзамаи суруд оғоз намуд. Ниҳоят Муҳаммадҷон ҳам ба вай шарик гардид. Овози онҳо мутассил боло рафта, ба авҷаш расид.

Садои навою суруда таваҷҷӯҳи одамоне, ки дар чойхона менишастанд, тарафшон мекашид. Ва ниҳоят онҳо бетараф истода натавониста, як-як ва ё чанднафарӣ ҷониби Мирзову ҳамроҳонаш, ки дар навову тараннум буданд, меомаданд. Ҳуллас чойхона холӣ мешуд, аммо гирди Мирзою ҳамроҳонаш даврае ба вуҷуд меомад. Ва ин давра торафт азим мешуд. Гармии ҳаво ва ташнагӣ ва мондагии худро фаромӯш карда, аз болои китф ва сари ҳамдигар гардан ёзонида, навозандаю хофизонро дурусттар дидан ва аз ҳунари онҳо баҳра бардоштан мехостанд мардуме, ки торафт зиёд мешуданд.

Шарикони Мирзо низ кайҳо ташнагию ҳастагиро фаромӯш намуда, ба авҷи тараннуми худ баромада буданд. Мирзо менавохт ҳамоно ва Иброҳимҷону Қорӣ Муҳаммадҷон тараннум мекарданд.

Аз байни қариб ду соати дигар бигзашт. Аммо ягон нафар аз гирди санъатварон дур намерафтанд ва одамони навомад ҳам тарафи чойхона нею тарафи давраи созу суруд меомаданд.

Мирзо аз дил мегузаронд, дар ин чанд соат агар ин одамон ба он ҷоймайдори калон медаромаданд, чойхоначӣ фоидаи илова мегирифту... Акнун он манфиатҷӯ аз ин маҳрум монда ва аҷаб не дилашро мехӯрад, ки чӣ кор шуда бошад, ки чойхонааш якбора холӣ гардидааст ва ин ғайримуқаррар бошад барои чойхонаи сари роҳи калон.

пешина
аз 194
навбатӣ