Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

гичимшуда дошт, гӯё санги осиё монда бошанд, ҳанӯз сарашро бардошта ва чизе гуфта наметавонист.

...Вале баъди чанд моҳи дигар гузари Мирзо ва шариконаш Иброҳимҷон ва Қорӣ Муҳаммадҷон тасодуфан ба ин диёр афтид ва як ба ин чойхона ҳам назар андохтанд. Чойхона акнун тозаю озода гардида буд, болои катҳо аз палосу кӯрпача оростагӣ, чойнику пиёлаҳо тоза ва чӣ қадар, ки хоҳед ёфт мешуд. Дар тани чойхоначӣ бошад ба ҷойи майкаи чиркини гичимшудаи арақзада, ҳилъати барф барин сафеди оҳарӣ метофт.

Мирзо донист, ки ин дафъа низ санъат ва фаросат аз болои дагалию нопокӣ, пулпарастию ноодамӣ ва манфиатҷӯии касон ғалаба карда тавонистааст.

-Чойхона ҳам бояд як намунаи баланди санъат бошад, - таъкид мекард Мирзо ҳамеша, ки ҳанӯз чойхоначигии чойхонаи Лолаи Исфара ба ӯҳдааш буд.

Бо шарофати Мирзо ва чойхонаи ӯ ансамбли халқии Исфаразамин бештар нумӯ дошт, бештар овоза паҳн мекард. Чойхонаи варо «Чойхонатеатри пурсехру фасонабор» меномиданд. Басо журналистон, ки аз дуру наздик ва дохили ватан ва хориҷ меомаданд, дар бораи ин чойхона ва чойхоначии ҳунарманди он навиштаҳои зиёдро ба чоп мерасонданд. Чойхонаи Мирзо чойхонаи аз ҳама овозадори Осиёи Миёна эътироф мешуд ва дар ин бора бештар мегуфтанду сабт мекарданд ва онро ва чойхоначии онро «мӯъҷизаи шарқ» меномиданд.

Аз ин боис, ҳарчанд дар замони шӯравӣ чунин буд, ки касе дар театри давлатӣ ва ё халқӣ, (ки он ҳам азони давлат буд), кору фаъолият надошта бошад, ба он нафар ҳаргиз унвони санъаткорӣ намедоданд ва ӯро аз ҳаваскор зиёд намепиндоштанд, вале бори нахуст дар Тоҷикистон ва тамоми хоки Шӯравӣ ба ин истисно гардиду ба нафаре, ки корманди чойхона буд ва солҳо дар чойхона кору фаъолият мекард, яқинтараш ба Мирзои Навозанда ва Мирзои Чойхоначӣ, яъне Мирзо Қурбон Солеҳов унвони олии Ҳофизи (Навогари) Халқӣ дода шуд. Ин ҳам дар фасли баҳорон буд, дар он айёме буд, ки

пешина
аз 194
навбатӣ