Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ба маркази Исфара ва бо ҳамон шаҳомат «лоладарахтҳо»-и мӯъҷизасоро баста буданд ба сутунҳои чойхона, ки дар доманаи теппаи Шаҳристон буд ва он ҳам «Лола» ном дошт ва акнун дахл дошт ба Мирзои Навозанда. Хуллас дар атрофи ин чойхона лоладарахтон рост карда буданд ва ба қавли исфарагиҳо «шинонда» буданд. Дар иҳотаи «лоладарахтон» нимдоира ба миён оварда буданд, ки саҳнаи театрро ба хотир меовард.

Ва маҳз дар ин «саҳна» ҳофизону навозагони Исфаразамин ва ҳофизону созандагони тамоми водии Фарғона ба ҳунарнамоӣ шурӯъ карда буданд ва ин дафъа ғайри маросими Иди Лола, ба шарафи Мирзо ҳам тантана мекарданд. Ва ин ду тантана — Иди Лолаву таҳният ва муборакбодии Мирзо то рӯзе идома ёфт, ки лолаҳо пажмурда шуда, то охирин барги он рехта буданд.

пешина
аз 194
навбатӣ