Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ПАСОМАД
Асои Умар Ҳофиз, ки бо шарофати он, аз пайи ҷустуҷӯ ва донистани асрори гузаштаи Исфаразамин шуда будем ва бо ин васила қиссаҳои навогарон ва овозхонҳои Исфаразаминро дарёфта будем, ҳоло дар дасти мо монда. Ва мо ба он такя намуда, қадам мезанем дар кӯчаҳои зиндагӣ то рӯзҳои дигари зиндагиро ва розҳои одамони дигари зиндагиро ва хоса одамони аҷиб ва нотакрор ва бузургони зиндагиро дарёфта бошем, саргузашту корнома ва эҷодномаи онҳоро оварда бошем барои худу барои дигарон ва барои шумоён...
Аз ин боис ин асо дар даст қадам мезанем дар кӯчаҳои пурпуч, вале пур аз розу асрори зиндагӣ. Зиндагии аҷиб, нотакрор, шодибахшо, ғӯссаовар. Зиндагие, ки бо ҳама пучутобҳояш охир надорад...
Мо, ки бо дарёфти ин асо хазинаи розу асрор ва саргузаштҳое дарёфта будем, ин асои мӯъҷизабор яқин моро ба дарёфти хазинаҳои пурасрори дигар расонда метавонад. Ва ба ин итминони комил дорем ва ба ин асо такя зада, қадам мезанем дар кӯчаҳои зиндагии пурпечу пурасрор ва пур аз қиссаву ривоят ва пур аз фасонаву хазина...
Роҳҳои дигар дар пеш истодаанд шояд барои мо ва шояд барои шумо...
Роҳҳои дигар, ки мебарад моро ва мерасонад моро ин асои мӯъҷизабор...
Эҷоду нашри аввал —
даҳаи ҳаштуми қарни бистум.
Таҳрир ва нашри дуввум —
даҳаи аввали қарни бистуякум.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё