Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ҳайф мекунад вай. Ана соли дигар, ба Сайри Лола меоему мебинем, дигар овозхонӣ карда наметавонад Умар Ҳофизи шумо!...
Аммо соли дигар ба Сайри Лола ба Исфаразамин омада, овози ширадору беҳамтои Умар Ҳофизро, ки аз ҳама зиёд гулгула мезад ва ба тантана шукӯҳу шаҳомати хоса мебахшоид, шунида, ба ҳайрат ҳамеомаданд.
- Кас меҳнат кунад тану ҷонаш санг барин мешавад, - мегуфт Умар Ҳофиз нигоҳи тааҷҷубангез ва ҳайратзадаи баъзеҳоро эҳсос намуда. - Он гаҳ ба вай на шамол таъсир мекунаду на оби сард.
Овози мӯъҷазу ширабори Умар Ҳофизро аҳли мазҳаб низ ба ривояти хосаи худаш асоснок мекард, ки дар аввалҳо гӯё овози вай (яъне Умар) то дараҷае дилчасп набудааст, вале як рӯз аз дашт мегузашта, ки шахсе ба аробааш савор шудааст. Зеро Умар амсоли тагояш Зебопарӣ ба касби авлодии аробакашӣ машғул будааст. Хуллас он шахси ба аробаи Умар нишаста, то охири дашт ба тарона ва замзамаи вай гӯш фаро дода, ба андешаи худ ғӯттавар гардидааст. Ва Умар ҳам барои он замзама мекарда, ки марди хастаи ба ароба нишаста, хушҳолиро эҳсос намояд ва дилу хотираш беғубор гардад, хастагиаш рафъ шавад. Дар охири дашт марди савори ароба ба Умари овозхон изҳор кардааст, ки: «Ба овозат барака диҳад, эй марди нек! Овозат беҳамтову беамсол шавад!» Чунин гуфтааст шахси ношинос ва ҳамоно ғайб задааст. Чунон ғайб задааст, ки гӯё ҳаргиз набудааст, вале овози Умар баъди ин бештар мӯъҷаз гардидааст. Зеро шахси дар аробаи вай нишаста ва таронаҳои варо гӯш фаро медода ва пасон ғайбзада Хӯҷаи Хизр будааст. Хислати Умар ва овози вай барои ҳазрати Хизр чунон писанд омадааст, ки барои баракати минбаъдаи онҳо дуои хайр додааст.
Ва аз рӯи ақидаи мӯъминин Хӯҷаи Хизр ба касе, ки иноят мекарда, дар ҳастии он нафар сифатҳои фавқулодаи беҳамто зуҳӯр меёфта ва эътибораш воло мегашта ва шону шукӯҳаш афзун мешудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё