Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
КОРВОНБОШӢ
-Баъди тантанаи Сайри Лола, ки чанд рӯз идома меёфт, Умар Ҳофиз ба касби авлодиаш, яъне аробакашӣ бармегашт,-идома медиҳанд мӯйсафедони Исфара.-Аз ин боис Умар Ҳофизро «Корвонбошӣ» ҳам мегуфтанд, ки аробааш пешопеши корвони аробаҳо равона буд. Ва онҳое, ки аз паси аробакашӣ рӯз гузаронидан мехостанд, ба Умар Ҳофиз муроҷиат намуда, ба корвони аробаҳои вай аъзо мешуданд. Корвон аз аробаҳои хусусӣ иборат буд, вазифаи нақли бору колои мардуми Исфаразамин ва атрофи онро ба иҷро мерасонид. Ҳамчунин тоҷироне, ки борашонро ба стансияи роҳи оҳани Канти Бодом (Конибодом) бурдан мехостанд, ба ҳар аробакаш дар алоҳидагӣ неву бо корвонбошии онҳо, яъне Умар Ҳофиз гуфтугӯ карда, шартнома мебастанд. Тоҷирон зардолую ангур, себу биҳӣ, гулингу чормағз ва қоқи меваи гуногунро, ки онҳоро аз боғдорони Исфара харидорӣ мекарданд, ба василаи корвони аробаҳои Умар Ҳофиз ба роҳи оҳан расонда, аз он ҷо ба поезд бор намуда, ҷониби чӯлҳои Қазоқистон ва ҷониби паҳноҳои Русия ва дигар мавзеҳо мебурданд, аз фурӯши ин ҳама ва алҳоса аз фурӯши гулинги машҳури Исфаразамин даромади калон ба даст меоварданд. Ва аз ҳисоби ин, баъди бозгашт, тӯю тамошо баргузор мекарданд, ба он Умар Ҳофизро даъват менамуданд, вале ин маротиб, албатта, ба сифати ҳофиз ва овозхон ва барои тасфтондан ва маънои тоза бахшидан ба маъракаи онҳо...
Дар Исфаразамин ва атрофи он баъди тӯйҳо, ин хел гуфтугӯ ба миён меомаданд:
-Дар тӯй ҳофизу навозандаҳо буданд?
-Албатта, ки буданд.
-Корвонбошӣ чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё