Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
обистон, шилдирроси маҳини резиши борон, чаҳ-чаҳи мурғони ҳаво ва булбулон ва овози дигари олам нахустин оҳангҳои мардуми моро офарид ва баъдан ба он шодию ғами дилашро, ки бо сухан ифода кардан имкон надошт, омезиш дод. Ҳуллас оҳангҳои аввалини дунё ба вуҷуд омаданд...
Дар муддати қарнҳо ва минбаъд ин нахустин асбоби навогарии тоҷик такмил ёфт ва нозуктару шево гардид ва аз он сетору танбӯр ва рубоб ва ғиҷҷаку асбобҳои дигари торӣ арзӣ ҳастӣ намуд. Баъдан оҳанги аввалини содда бештар мураккабу дилошӯб гардид, оҳангҳои дигари дунё пайи ҳам эҷод шуд...
Қорӣ Носир чун ин ҳикояро ба забон овард, муддате хомӯш монд ва пасон боз афзуд:
- Ту Мирзо мисли галабоне, ки нахустин асбоби навогарии дунёро офарида буд, талошу кӯшиши сохтани асбоб кардӣ, ки ин нишонаи хуб аст. Ин кори ту дар дили ман муҳаббати туро зиёд кард...
Ҳикоят ва гуфтаҳои Қорӣ Носир болу пари Мирзоро қавитар намуда, балки сӯи парвозҳои дигар ҳидоят карданӣ мешуд.
Ин ҳама ба назари Мирзо созу наворо бештар мӯъҷаз ва фасонхез таҷАССУМ менамуд. Ва дар кулбачаи самоворхонаи Қорӣ Носир ҳастии Мирзо, аз оташи болохеста, ки ишқи болорафтаи созу наво буд, гарму рӯшан мегардид, балки моломоли эҳсоси аҷиб мегардид ва ӯ надонист, он «илҳом» ном дорад. Илҳоме, ки оянда барои вай зарур мешавад. Бале бори аввал дили Мирзои кӯчак аз илҳом моломол шуда буд ва ғиҷҷаки дастсози худашро боз гирифта, навохт. Ҳам барои худаш ва ҳам барои Қорӣ Носир навохта буд вай...
Чоршанбебозори навбатӣ Қорӣ Носир бачаяк Мирзоро қатори . навозандагони дигари дастааш нишонид, гӯё бачаяк аллакай навогари мустақил шуда бошад.
Мирзо акнун бо ғиҷҷаки дастсози худаш қатори калонсолон менишаст. Дигарон менавохтанду Мирзои бачаяк ба онҳо тақлид карда, оҳанге ба миён оварданӣ мешуд. Тағоҳояш низ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё