Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

ки куҷое мардикорӣ рафта, баргашта буданд, қатори Мирзо ва навогарони дигар нишаста, менавохтанд.

Ҳусни таваҷҷӯҳи одамони ба чойхона омада ба Мирзо ва асбоби дастсози вай бештар майл мекард. Ба назари ҳозирин бачаяк ва асбоби худсохти вай аҷибу завқхез метофт.

Баъди гузаштани рӯзи чоршанбе низ Мирзо меомад ба чойхонаи Қорӣ Носир. Ҳарчанд навогарон ва овозхонҳои калонсола, дар рӯзҳои ғайри чоршанбе ба кору бори зиндагӣ ва ташвишу тарадуд овора мешуданд, аммо Мирзо куҷо ҳам мерафт, ғайри омадан ба чойхонаи Қорӣ Носир. Дар хоначаи бари чойхона дар даст ғиҷчаки худсоз ба ғиҷчакнавозии Қорӣ Носир диққат дода, ба тақлиди вай навохтан мехост аз нав бачаяк.

Аз тақлидгарии вай ва ғиҷчаки аҷибулаҷиби вай, ки овози хоса мебаровард, Қорӣ Носир боз ба завқ меомад ва баъди иҷрои баъзе наво ягон сухани илҳомбахш мегуфт, ҳатто боре нақле ҳам оварда буд, ки он низ вобастаи асбоби навогарӣ буд:

-Боре дар Исфара як каси бадавлат (Хоҷа Суннатулло) тӯй доданӣ шуда ва қатори Умар Ҳофиз шогирди вай Тӯйчихонро ҳам ба Тошканд одам монда ба маърака даъват намуд. Тӯйчихон ҳамроҳи худ танбӯрчиаш Шохбаротро низ гирифта буд, ки аз Тошканд то Канти Бодом бо поезд ва аз он ҷо як аробаи конибодомиро киро карда, тарафи Исфара равона шуданд. Дар Исфара, тӯйхона, дар он тарафи дарё, дар маҳаллаи Қалъаи Боло ҷой дошт. Ароба ба роҳи сарболои ин ҷо рост шуд, вале аспи дар ҳамвориҳо гаштаи конибодомӣ, шояд барои он, ки роҳи дарозро тай зада, даштистони паҳнои ноҳамворро гузашта, хастаю бемадор гардида буд, дар нисфи фарози роҳи ноҳамвори Қалъаи Боло истод, лаҳзае баъд аробаро дигар дошта натавониста, тус рафт. Ба назар мерасид, ароба бо шасти қафо фаромадан ба ягон чиз бархӯрда, яқлаба гашта, ба нишеби чаппагардон мешавад. Аз ин боис Шохбарот, ки танбӯр дар дасташ буд, худашро аз ароба поён партофт. Баробари бархӯрдани вай ба замин, кадом чизи дигар ба санги

пешина
аз 194
навбатӣ