Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Ва соҳиби чойхонаи Лола, яъне Қорӣ Носир дар дасти яке аз меҳмонони омада гичҷаки аҷиб дида, ба қавле «ошиқи» он гардид. Меҳмони гичҷакдор ҳикоя намуд, ки ин асбоби пурасрор дар магрибзамин сохта шуда, онро савдогаре оварда, ба вай фурӯхта.

Қорӣ Носир гичҷаки магрибиро ба даст гирифта, на мисли гарбиён ба китфу болои даст монда, балки амсоли шарқиён бо тарзи амудӣ (вертикалӣ) рӯи зону гузошта, ба тораҳои он камонак кашид. Ва садои мавзуну дилнишину сеҳрбор ба атроф танинандоз гардид. Қорӣ Носир шефтаю воло гардид ва дар нисбати овози ин гичҷаки маргибӣ гичҷаки худаш ба назараш амсоли гичҷаки дастсози Мирзо намуд. Бале гичҷаки маргибӣ дар сохт ва дар овоз беҳамто ва ҳатто пурасрору мӯъҷизабор метофт.

Меҳмонон рафтанду вале хаёли гичҷаки аҷиб аз сари Қорӣ Носир намерафт.

-Чӣ қадар сара буд-а! Чӣ овози беҳамто дошт-а!-ба такрор ба забон ҳамеовард ҳамеша вай.

Ниҳоят Қорӣ Носир саҳарӣ ба миёнбандаш чизе печонда, ба чойхона овард. Гумон доштанд, ягон чизи барои чойхона зарур оварда аз рӯи одати ҳамешагии худаш.

Қорӣ Носир ба хонаи шафати чойхона, ки ҳоло холиву хилват буд, ворид гардид.

Мирзо ҳам аз рӯи одат аз думболи вай кашола шуда, он ҷо даромад. Зеро гумон дошт, Қорӣ Носир, муддате пас, ба навохтани асбоби наво шурӯъ мекунад дар хилваткадаи худаш.

Аммо Қорӣ Носир имрӯз асбоби навогарӣ ба даст нагирифт ва рӯи курпача муддате нишаст, пасон футтаашро баркушод.

Андаруни футта дастаҳои пул ба назар мерасиданд. Ва Мирзои кӯчак дар умри сараш бори нахуст ин қадар пули бисёрро медид ва бо ҳайрат аз онҳо чашм намеканд.

-Ин пулҳоро барои ягон рӯзи мабодо ҷамъ ва эҳтиёт карда монда будам,-ба сухан омада буд Қорӣ Носир:-Вале баъди дидани гичҷаки меҳмон хобам парид. Агар ин хел гичҷак

пешина
аз 194
навбатӣ