Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

Умар Ҳофиз бо дастони сермушаку тавонояш Мирзоро бардошта, аз пешониаш бӯса кард.

  • Вақте ки Умар Ҳофиз бо дасти худаш ба вай ҷома пӯшонд ва вақте ки варо (мисли Қорӣ Носир) писархонди худаш эълон намуд, пас ин бача ба пояҳои баланд мерасад, - ақида меронданд мардуми шоҳидбуда. - Ду марди бузург варо писар хондан шарофати бузурге дорад, барои ин!

Қорӣ Носир ба шарафи писархонди худ ва писархонди Умар Ҳофиз эълон шудани Мирзо дар чойхона оши палав пухт, ки аз равғани хосаи зағир ва биринҷи девзираи Исфара буд ва ин масолеҳро низ Умар Ҳофиз аз бозор харида оварда буд...

Одамони зиёде аз ин зиёфат баҳравар шуда тавонистанд...


Мирзо аз ин ду устод, аз ин ду падархонди худаш - Умар Ҳофизу Қорӣ Носир навохтани навоҳои «Муноҷот», «Раҷабӣ», «Фарғонача», «Кӯчабоғӣ» ва дигар навоҳои вобастаи Шашмақоми қадимаро омӯхт, ки аз онҳо «Кӯчабоғӣ» ва «Қаландарӣ»-и якум ва дуюм эҷоди хосаи худи Қорӣ Носиру Умар Ҳофиз буданд.

Умар Ҳофиз акнун ба чойхонаи Қорӣ Носир дарояд тӯлонитар менишаст, то ба навоҳои Мирзои Навозанда - ин бачаи беҳамтои баистеъдод бештар гӯш фаро диҳад ва бештар лаззате бардошта бошад...

пешина
аз 194
навбатӣ