Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Як рӯзи чоршанбе дар Исфара одамони зиёд бозорӣ карда, аз рӯи одат, ҷониби чойхонаи Қорӣ Носир роҳ гирифтанд, то созу наво бишнаванд ва каме осоиш ёбанд. Онҳо кайҳо одат карда буданд аз чойхонаи Қорӣ Носир фарогату кайфият ва осоишу оромиш дарёфта бошанд. Аммо чойхонаи рӯзи чоршанбебозор ҳамеша пуродамро ин дам холӣ дарёфта буданд. Ҳайрон монданд ва сабаб пурсиданд. Ҳолдонҳо гуфтанд, ки Қорӣ Носир ҳамроҳи Умар Ҳофиз ва ҳамроҳи дастааш ба хонаи Камолиддин рафтааст, яқинтараш ба хонаи падари вай, яъне Асомиддин рафтааст.
-
Он ҷо ягон маърака будагист, - тахмин карданд баъзе одамон.
-
Бале... - афзуданд огаҳони ҳол - Вале маъракаи хурсандии не... Афсусӣ!...
Пурсандаҳо бештар ба ҳайрат омада буданд.
- Камолиддинро куштааст Умари Дузд, - ошкор карданд гӯяндаҳо. - Ҷасади Камолиддинро овардаанд ба хонаи падараш акнун...
Пурсандаҳо такон хӯрда, шах шуданд.
- Умари Дузд забони мақомхонӣ ва дастони мақомнавози Камолиддинро ҳам буридааст..., - шунида шуд боз ин сухан.
Одамон бештар пакар шуданд, то даме, ки мадор пайдо карда, «Худо Камолиддинро раҳмат кунад!» - гуфта, дастони ларзони худро ба рӯ кашиданд. Пасон роҳ гирифтанд ҷониби хонаи Асомиддин, ки дар ҷанозаи писари вай ширкат дошта бошанд. Ва чӣ тарз кушта шудани Камолиддин бо ҷузъиёташ дар мурдахона фаҳмиданд онҳо.
Яъне Умари Дузд, ки баъди бедодию ғоратгарӣ дар кӯҳу пушта пинҳон шуда мегашта, баъзан шабона ҳамроҳи чанд одами дилпураш ба хонааш меомадааст. Камолиддин инро фаҳмида, шаби омади варо муайян намуда, ҳамроҳи милиционерҳо пиромуни хонаро печонида гирифтааст. Вале Умари Дузд ва шариконаш инро пай бурда, ба тирандозӣ шурӯъ кардаанд. Як вақт Камолиддин оҳе кашида, бехи девор нишастааст.
-
Чӣ шуд? - пурсидааст яке аз милиционерҳо.
-
Тири лаънатӣ расид, - ҷавоби Камолиддин чунин будааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё