Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
ОМАДИ ТРАКТОР
ВА Ё ҲОДИСАИ ДИГАРЕ,
КИ ҚАРИБ БА ФОЧИАИ ДИГАР КАШИДА БУД
Ин ҳангом ба Исфара бори нахуст трактор оварданд. Ин рӯйдод, албатта, ба даҳаи дӯюми қарни бистум дахл дошт.
Ва яке аз тракторҳоро ба деҳистони Кулканд бурдан лозим омад ва барои онро ба мардум нишон додан ва муаррифӣ кардан Қорӣ Носиру дастааш ҳамчунин сафарбар шуданд, ки бо ҳунарашон тантанаро бештар хотирмон карда тавонанд. Қорӣ Носир, ки ҳар чизи навро хуш дошт ва хоса мефоридаш, бо василаи техника мушкилай мардум осон ва корҳояшон пешрав гардад ва зиндагиашон обод шавад, ба тантана иштирок карданро ҷоиз донист.
Дар думболи трактор, ба ҷои тележка, аробаи чорчарха баста буданд - зеро ин трактор боркаш неву ҷуфтгар буд.
Дар аробае, ки трактор кашида мебурд, санъаткорон ва зумрае аз масъулин нишаста буданд.
...Дар деҳистони Кулканд аз дурӣ овози аҷиб пайдо гардид, наздик омад. Одамоне, ки чунин овозро то ин дам ягон маротиб нашнида буданд, ҳайратзада меистоданд, ки аз чӣ бошад ва аз куҷо бошад? Баъзеҳо ҳатто ваҳм кашида, аз ҷо бархеста, хавотиромез ба атроф дида медӯхтанд ва чӣ карданашонро намедонистанд.
Чанд лаҳзаи дигар гузашту аз роҳи бари масҷид ҷисме намоён гардид ба амсоли аждари наъразан. Вале оҳанӣ буд, худаш ҳаракат карда меомад, ки мардуми ин ҷо чунинашро боре надида буданд. Агар болои аробаи думболи ҷисми оҳанӣ Қорӣ Носиру Мирзои Навозанда ва чанд нафари дигарро мушоҳида намекарданд, яқин ҳамагӣ роҳи гурезро пеш мегирифтанд. Хосатан онҳоро чизе баста медошт, ки омадагони аробаи

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё