Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

тут менишаст, дасташро болои чашм лаппар намуда, ба дурии дуриҳо назар бурд ва ниҳоят нидо дардод:

  • Умари Дузд ва одамонаш!

Ҳама гумон карда буданд Умари Дузд бебозгашт ғайб зада ва дигар пайдо намешавад. Пайдо намегардад дигар дар ин мулки Исфара. Пайдо намегардад, ки Умар Ҳофиз саропои ин кӯҳистонро гаштаву кофтаву тай намуда ва наёфта варо.

Аммо бармеояд хумори таҳдид кардану хун ошомидан Умари Дуздро инак боз кашида бар ин сӯ ва хоса хумори ошомидани хуни санъаткорону ҳунарварон варо овардааст ин сӯ ҳамроҳи дастааш.

Баъзе кайҳо овоза ҳам карда буданд, ки Умари Дузд, дар ҳақиқат, хуни гарми санъаткорон ва ҳунарваронро меошомидаст, то ба ҷисму ҷонаш таъсир кунаду аз ин худаш хушовоз ва ҳунарвар шуда тавонад, яъне бо василаи хунпайванд санъаткор шудани будааст акнун Умари Дузд... Зеро гумон дошта будааст, бо василаи ошомидани хуни санъаткорон, гени онҳо ва истеъдоди онҳо ба вай мегузарад ва истеъдоди эҷодгарӣ дар ӯ зуҳур меёбад. Ҳамин хел арбада дошта будааст шуридасари ҳардамхайёл, ки Умари Дузд ном дошта.

Ва ҳоло меомад ҳамон Умари Дузд ва дастаи хунхораи худаш бар ин ҷониб...

Мардуми тамошобини ҳунари санъаткорон ва тамошобини аввалин трактори ин ҷо оварда, амсоли паррандаҳо, ки баногаҳ миёнашон санг фитода бошад, парида, ба ҳар сӯ парешон шуданд.

  • Руст шавед! — овози Қорӣ Носир ҳам садо дод, ки равона шуда буд ба аъзоёни дастаи худаш.

Қорӣ Носир баъди талаф ёфтани Камолиддин дар талвоса ва тарсон шуда буд, ки мабодо ба ягон аъзои дигари дастааш чунин ҳол рӯй дода бошад.

  • Руст шавед! — такрор карда буд Қорӣ Носир бо изтироби зиёдтар.

Аъзоёни даста бо василаи дарахтҳои паҳлӯи бом худашонро ҳадаҳа ба замин партофта, ҳар тараф гурехта, парешону пинҳон

пешина
аз 194
навбатӣ