Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

ТаърихФарҳангАдабиёт
Аз аввал хондан

дар муҳосираи Умари Дузд ва дастааш қарор дошта буд.

Бале он сӯ равона гардида буд худи Умар Ҳофиз ва мехост он ҷо расаду ба Умари Дузд арз намояд, ки:

  • Ана худи ман! Бо ман ҳарчӣ хоҳӣ, кун! Вале Мирзоро - ун бачаяки ҳунармандро озор надеҳ!... Ба санъаткорони дигар ҳам зиён марасон!

Умар Ҳофиз мехост агар Умари Дузд ҳарчӣ мекарда бошад бо худи вай кунад, аммо дигаронро раҳоӣ ва амонӣ бахшад...

Вақте ки Умар Ҳофиз рафта буд аз думболи вай равона шуда буданд тамоми аробакашҳо, балки онҳо ҳар яке дар аробаи худ мебурданд чанд милисаро ҷониби деҳабоғи Кулкандӣ. Хешу табори Қорӣ Носиру хешу табори аъзоёни дастаи вай ва ҳавохоҳони онҳо, ки ҳар рӯзи чоршанбе ба чойхонаи Қорӣ Носир омаданро хуш доштанд, белу каланд ва досту панҷшоҳ гирифта, ҷониби Кулканд равона гардида буданд ҳамчунин.

Ҳама гумон мекарданд ҷанги шадид ба миён меояд дар деҳистони Кулканд ва басо касон аз ду тараф қурбон мегарданд ва Исфаразаминро эҳсоси пуризтироб ва интизории ҳавлангез фаро гирифта буд. Ва барои «қабули» ҷисмҳои мурдаи зиёде омодагӣ мегирифтанд дар он ҷо... яъне ҳамон ҷисмҳое, ки Умари Дузд ва дастааш онҳоро беҷон карда метавонистанд, ҳарчанд, ки аз дастаи Умари Дузд низ басо касон кушта мешуданд, албатта ва албатта...

Аммо ба ҳуҷум рафтагон аз Кулканд пайдо карда натавонистанд Умари хунхораро ва дастаи варо. Дастаи Умари Дузд ғайб задаву пинҳон гардида буд. Зеро Умари Дузд одат дошт дар ҳолате, ки зӯрӣ кунаду душвор бошад, баногаҳ ғайб зада, бенишон гардад. Умари Дузд ҳамин тур «тактика» ва амалиёту рафтори пурпечу хосаи худро дошт. Ҳоло бошад аз ҳуҷумгарони зиёде, ки аз маркази Исфара омада буданд, бим кашида, ғайб зада буд бо одамони худаш аз нав вай.

пешина
аз 194
навбатӣ