Зеҳн
Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа

АдабиётТаърихФарҳанг
Аз аввал хондан

Дузд батакрор барои одамонаш...-Чун ҷисми ин бачаро бе гӯшу бе ангушту бе забон ва бе ҷон ба Исфара, ба Умар Ҳофиз, фиристонем, «беҳтарин» ҳадя мешуд ба ун ҳамноми худам. Зеро ин бачаякро Умар Ҳофиз дӯст медорад амсоли писараш. Балки акнун аз ҷонаш зиёдтар дӯст медорад. Бигзор Умари дигар баъди гирифтани ҷисми бачаяк Мирзо донад, ки аз дасти ман, аз дасти Умари дигар ҳам кору амале неомадааст дар ин дунё!

Умари Дузд мехост, аз ин боис Умари Ҳофиз аз пой фитаду умраш пурра хазон шавад ва дар дунёи дигар ҳам кӣ будани варо фаромӯш насозад...


Хабари ба дастаи Қорӣ Носир ҳуҷум овардани Умари Дузд ва сӯзонида шудану пора гаштани нахустин трактори ба Исфара расида, босуръат паҳн гардида буд дар Исфаразамин, зеро гӯянд, ки пеши хабари бадро ағбаву дуриҳои роҳ сад нашавад ва хабари бад на вобаста ба ҳама монеа барқсон паҳн гардад ба ҳар ҷонибе...

Ва азбаски аз байни як рӯзи дигар даргузашта буду аз дастаи Қорӣ Носир ҳанӯз ба Исфара дарак набуд ва болои ин хабари бурида шудани пову забони мӯйсафед ва бурида шудани ангуштони доиразани даста ва боз дуғу пӯписаи Умари Дузд доири дастгир кардан ва пӯст канда шудани Мирзои Навозанда ба Исфара роҳ ёфта буд, мардуми аз асли воқеа бехабар, бо тарзи худашон хулосаҳо мебароварданд, ки Умари Дузд дастаи санъаткоронро дастгир карда, забону дастони ҳамаи онҳоро бурида ва нисбати Мирзои Навозанда аз ин ҳам зиёд карда ва ҷисми беҷони писаракро ин соату дақиқа ба Исфара мефиристода ва албатта барои Умар Ҳофиз мефиристода ва ғайра...

Ва Умар Ҳофиз бошад кайҳо дигар андаруни бистари беморӣ буда наметавонист ва бо асои оҳанинаш такя карда, хеста буд ва зӯр зада, оғил даромада буд, аспашро аз он бароварда, савор шуда буд ва ҷониби Кулканд равон гардида буд. Кулканд, ки

пешина
аз 194
навбатӣ