Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Умари хунхор. Вале Умар Ҳофиз — ин марди якбора пиршуда ва дӯстони камшумори вай дар кӯҳистони азамати ташвишхез ва пурасрор алайҳи дастаи мусаллаҳи Умари Дузд чӣ карда, чӣ тадбир ҷӯста ва ба чӣ расида метавонистанд? Ва чаро ин тавр карда буданд онҳо ва хоса Умар Ҳофиз — охир вай беҳол ва бемор буд, балки нав аз беморӣ бархоста буд? Ва ин маънӣ дошт, ки ба сари худи Умар Ҳофиз балое меояд ва Исфаразамин ҳунарвари дигарашро, балки ҳунарвари аслиашро аз даст медиҳад. Ҳатто баъзе гумон мекарданд, Умар Ҳофиз сари эҳсосу ғазаб чунин карда, варна чунин рафтану ҳақирона мағлуб гаржидан аз рӯи дурандешӣ набуда. Ва ё шояд, дар ҳақиқат, баъди фоҷиаҳои ба сараш омада ва чандин муддат бемор хобиданаш Умар Ҳофиз эҳсосӣ гардида ва оқибати нохуши амалҳои худро пеши назар оварда натавониста чунин рафта буд сӯи Умари Дузд ва дастаи сершумори вай?...
Кам касон пай мебурданд, ки Умар Ҳофиз чизи дигарро хоҳон буда. Яъне гар мурдан насиб бошад, мурдан мехоста худаш танҳо ва ё бо шумори ками ҳамроҳон, ки ихтиёрӣ бо вай ба кӯҳистони азамат ва пурпеч ва хатарбор баромада. Зеро вай (корвонбошӣ) гар шумораи бештари аробакаш ва милиционерҳоро ҳамроҳ мебурд он гаҳ Умари Дузду одамонаш ба зудӣ ва осонӣ онҳоро дида ва пай бурда, аз мақсадашон огоҳӣ дарёфта ва дар ягон ҷойи ба худашон мувофиқи кӯҳпора шинак гирифта ва аз он ҷо сангҳо гелон намуда, сели азими сангӣ ба вуҷуд оварда, боз тирборон карда, куштори зиёд ба миён оварда, вогузошта метавонистанд. Яъне қурбониён аз ҳад зиёд мешуданд. Ҳол он ки Умар Ҳофиз мехост ҳуҷуми вай пинҳону ногаҳон бошад ва барои ин шумораи каму пинҳонкории ҷиддӣ зарур буд. Вале ин муяссараш мешуда бошад магар ва ё ҳамааш ба нокомӣ анҷом мегирад? Балки шикасти Умар Ҳофизу дастааш яқин аст...
Вале мурдан мехост Умар Ҳофиз, барои он ки Умари Дузд шояд аз ин ором гирад, осуда шавад, таскин ёбад ва баъди сари вай ба ҳунарвар ва санъатваре кордор нагардад, онҳоро таҳдиду таҳқир ва маҳв насозад. Бале, акнун мурдан мехост, то дигарон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё