Асое, ки моро сӯи мӯъҷиза бурд

Китоб ба таърих ва тамаддуни ориёӣ бахшида шуда, романи таърихӣ ва сагузашти фарҳангиро дар бар мегирад. Он ба ҷанбаҳои муҳими таърихии миллати тоҷик рӯ оварда, симои шахсиятҳои барҷастаро тасвир мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 194 саҳифа
Аз тарафи дигар Умар Ҳофиз ва ҳамроҳонаш миёни дараҳои пурпечи кӯҳистони бехаду худуди олам гӯё гум шуда буданд ва ё шояд онҳоро кайҳо Умари Дузд ва одамонаш аз миён бардошта буда, ки ба чашм намерасиданд дигар...
Дастаи Қорӣ Носиру ҳамроҳонаш низ дар кӯҳистони азамати пурпеч ва пур аз камару дара корвонбошиву шариконашро дигар дарёфта наметавонистанд.
Вале мӯйсафед Асомиддин чанд ҷое аз нақши нуги асои оҳании дар замину хоку қӯм монда муайян намуд эҳтимоли ба кадом тараф рафтани Умар Ҳофизро. «Ман худам асои дасти Умар Ҳофизро сохтааму нақши онро медонам!»-таъкид мекард Асомиддин барои Мирзои кӯчак, ки ҳамроҳаш мерафт...
Аммо Асомиддину Мирзо низ ҳанӯз дар намеёфтанд Умар Ҳофизро ва чанд шарики бо вай рафтаро.
Гӯё бештар якин мешуд, Умари Дузд ҳамноми худ Умар Ҳофизро ба пиногоҳи хилваташ кашида, пасон даст гирифта, забони макомхонашро кӯтоҳ карда ва дастону ангуштони навозандаашро ва пойҳои ба ин сӯ оварандаашро бурида ва бо азобҳои сахттарин ҷонашро аз қолбад берун кашида бошад. Ё шояд Умари Дузд ба Умар Ҳофиз аз ин ҳам зиёд карда бошад, яъне варо пӯст канда, ба пӯсташ коҳ чой намуда, хӯсаи пуркоҳро дар самте, ки аз думбол омадагон гузаштанашон эҳтимол дошта, овехта бошад, то инро дигарон дида, ба ҳайрат ва тарс ва ваҳшат фитода, кудрати беҳамтои Умари Дуздро фаҳмида, қафошинӣ кунанд ва умри боқимондаи худро дар тарсу ҳароси мудом пушти сар созанд.
Шояд чунин шуда буд, ё шояд не, аммо ҳанӯз касе намедонист.
Аз миён сипарӣ гардида буд боз як рӯзи дигар ва як шаби дигари пурдаҳшат андаруни дараҳои пурпечу бешумори кӯҳистони азамати ҳавлбор.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё