Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Ҳамин тариқ, бояд қайд намоям, ки хизматҳои арзандаи устоди аз нигоҳи хислатҳои фардӣ нотакрорам, профессор Аламхон Кӯчарзода тавассути рисолаву мақолаҳои фаровони пуркиматашон оид ба таҳқиқоти асарҳои бадеии адибон дар заминаи омӯзиши ҷиддӣ дақиқназарона муқоиса гардида, фаъолияти эшон танҳо дар доираи илми матншиносӣ маҳдуд намегардад. Балки як бахши фаррохи фаъолияти устодро муҳимтарин масъалаҳои адабиёти гузаштаву нав ва навтарин фаро мегиранд. Ҳоло он ки камина дар ин бора, яъне аз мақому манзалат ва рисолати аслии илмии устод ҳарфе назадаам. Фақат як хотираи хурдтаринамро аз шиносоии нахустинам бо устод Аламхон Кӯчарзода асосан дар иртибот бо устодашон шодравон Соҳиб Табаров ёдовар шудам. Чунки муносибати ин ду тан донишмандро ҳамчун намунаи олии муносибати устоду шогирд, ки аслан ба муносибати падару писар шабоҳат дошт, мушоҳида намуда, қаламдод намудам. Хушбахтона, хотираҳоям хеле зиёд ва аз доираи як мақола берун буда, нигоштаи пешкаши хонандаи азиз гардондаам дар шинохти устодам Аламхон Кӯчарзода қатрае аз баҳр мебошад. Ва яқин аст, ки хотироти муфассали фардӣ ва тақвият сохтани онҳо дар заминаи дафтарҳои хотироти домулло С.Табаров бо номи «Таассуроти ақлу дил» дар оянда оид ба ҷилвагар намудани ҳаёти фарҳангии кишвар ва симоҳои шоиставу арзандаи он, аз ҷумла, устод Аламхон Кӯчарзода пешниҳоди хонандаи азиз хоҳанд гашт.
Имрӯзҳо дар арафаи ҷашни мубораки 75-умин солгарди устоди азизу гиромиқадр Аламхон Кӯчарзода қарор дорем. Дар ин лаҳза мехоҳам таманниётамро бар асоси таманниёт зоҳир намоям. Моҳи январи соли 2015 бо ҳамроҳии устодам Аламхон Кӯчарзода охирин аёдати домулло Соҳиб Табаровро дар шаҳри Душанбе (аз 01.02.2015 устоди зиндаёд С. Табаров ба ноҳияи Муъминобод интиқол ёфтанд) ба ҷо овардем. Баъди вохӯрӣ ва аҳволпурсӣ домулло Соҳиб Табаров лаҳзае сукут намуданду боз ба гап даромаданд: «Писаронам,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё