Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аламхонҷони ман, Худо хоҳад ҳаёти Шумо акнун сар мешавад..., 40-50 соли умри Шумо дар пеш аст.., фақат ҳалолкор бошед.., ба халқу Ватан содиқона хизмат намоед... Агар аз камтаринатон гӯед, ба 91 даромадам... Шукр мегӯям.., бе ҳисоб шукр мегӯям... Хайр ҳеҷ гап не, кӯшиш мекунам, ки оҳиста-оҳиста аз паси Шумо омадан гирам...»

Аз даргоҳи Худованди мутаол талабгори онам, ки ба бахти дӯстону иродатмандон, пайвандон ва ба бахти илми тоҷик дуои неки домулло мустаҷоб гардаду устоди меҳрубонам Аламхон Кӯчарзода боз 50 соли оянда бо рӯҳу равони болида, саломатии бардавом дар баҳри беканори илм киштиронӣ намуда, баъд ба пеш бурдани давлати пирӣ оғоз бахшанд.

пешина
аз 226
навбатӣ