Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Оре, рушду нумуи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (он вақтҳо Донишкадаи давлатии омӯзгории ба номи Рӯдакӣ) дар мавриди таълиму тарбия, пеш аз ҳама ба устодони донишманду сахтгир ва масъулу ҳайрандеш вобаста буд ва мехоҳам «мушт намунаи хирвор аст» гӯён оид ба яке аз устодон - Аламхон Кӯҷарзода, роҳбари гурӯҳамон, чанд сухан гӯям.

Устод Аламхон Кӯҷарзода аз зумраи шахсиятҳои камназиреанд, ки дар фазои илми адабиётшиносии тоҷик мақому мартабаи хоси хешро ба даст овардаанд. Устод воқеан олим ҳастанд, олими амал ва нотакрор. Ӯро дар муҳити илмию маънавии кишвар ҳамчун олими сахтгир ва шахсияти ҳалиму меҳрубон мешиносанд ва эътироф мекунанд. Комёбиҳои илмиашонро муътабартарини олимони соҳа эътироф кардаву баҳои арзанда додаанд. Ҷаҳони маънавии устод хеле бою рангин ва ҳазоргуна аст.

Ман худро шогирди хушбахт ҳисоб мекунам, ки насибам гаштааст, дар давраи донишҷӯӣ устод роҳбари гурӯҳамон буданд. Ҳар як дарси устодро бетоқатона интизор мешудем, чунки мантиқи баёнашон зебо ва суханрониашон боэътимод буд. Дар дарсҳои устод гӯё ба парвоз омада гоҳ дар Ҳиндустон бо Бедилу Зебуннисо, гоҳ дар Эрон бо Фирдавсию Саъдӣ ва гоҳ дар Туркия бо Ҷалолиддини Балхӣ суҳбат меоростем. Зери роҳбарии устод дониши худро сайқал дода, дар ҷамъият мавқеъ ёфтем.

Агар меҳри дӯст доштани мутолиаи китобро дар замири ман модари бузургворам кошта бошад, пас устод Кӯҷарзода онро сайқал доданд.

Устод ҳамеша ба мо насиҳат мекарданд, ки дар ҳаёт беҳтарин дӯст бароитон бояд китоб бошад. Дар ҳама ҳолат хоҳ хурсанд бошед, хоҳ ғамгин, кӯшиш кунед, ки китоб ҳамрози Шумо бошад, илм омӯзед. Суханони Ҳазрати Муҳаммад (с)-ро ҳамеша такрор ба такрор таъкид мекарданд, ки: «Аз гаҳвора то гӯр дониш биҷӯй».

пешина
аз 226
навбатӣ