Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Гулчеҳра Муҳаммадиева,
узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

УСТОДОН ҶАВҲАРИ БОРГОҲИ МАЪРИФАТАНД

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест.
Дар раҳи маъмӣ рафиқе беҳтар аз устод нест.
Мавлоно Ҷомий.

Таърихи 70-солаи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб басе доманадор ва рангин аст. То ба ин сатҳи баланду пурифтихор расидан, роҳ басе душвор, тӯлонӣ ва пурфайзу бобаракат буд.

Донишгоҳи давлатии Кӯлоб солҳои 70-80-уми садаи ХХ, ҳангоми донишҷӯии мо, ба макони ҳақиқии таълиму тарбияи насли ҷавон табдил ёфта буд. Раёсат ва ҳайати устодон ҳамвора дар ҷустуҷӯ ва талош буданд, то кори таълиму тарбияи шогирдонро ҳарчӣ хубтару ҷолибтар роҳандозӣ намоянд ва ба андешаи мо, дар мусобиқаҳову озмунҳои гуногун факултети забон ва адабиёти тоҷик мавқеи арзанда дошт.

Вақте ки шахс ин калимаи меҳрангезро ба забон меорад, дар пеши назар симои шахсе ҷилвагар мегардад, ки дили ӯ пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба касб ва шогирдон мебошад. Устод тамоми ҳастии худро барои босавод намудани шогирдон, бофарҳанг шудани ҷамъият ва гул-гулшукуфии диёр равона месозад.

Ман бо ифтихор номи устодонам Кӯҷарзода Аламхон, Алиев Аҳмад, Содиқов Ёралӣ, Мирзоев Ғоиб, Сангов Қаюм, Қаландаров Абдулхайро, ки то ба имрӯз дар ин ҷодаи пурифтихор кору фаъолият доранд, ба забон оварда, ба онҳо ҳазорон аҳсан мегӯям.

Номи онҳоеро мехоҳам ба забон биёрам, ки имрӯз дар байни мо набошанд ҳам, аммо ёди онҳо, эҳтироми онҳо ҳамеша дар қалби мо мебошад. Шодравон Нозимов Бароталӣ, Чалишев Соат, Саидов Раҳим, Солиев Ҳабибулло, Саидҷаъфаров Шовалӣ рӯҳашон шоду охираташон обод бошад.

пешина
аз 226
навбатӣ