Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ин мактаби бузурги илмӣ саҳми босазое дорад. А. Кӯҷарзода ҳанӯз дар давраи унвонҷӯияш дарк карда буд, ки таҳқиқи масъалаҳои назарияи адабиёт, аз ҷумла бахши матншиносӣ дар риштаи адабиётшиносӣ аҳамияти бузурги илмию амалӣ дорад. Аз ин рӯ, аз ҳамон вақт ӯ фаъолияти худро ба тадқиқи масъалаҳои матншиносӣ, ки яке аз соҳаҳои муҳими илми адабиётшиносӣ маҳсуб меёбад, пайваст менамояд. Маводи ин риштаи адабиётшиносӣ шаҳодат медиҳад, ки масъалаҳои матншиносӣ барои баррасии масъалаҳои мухталифи риш-таҳои дигари илми адабиётшиносӣ, баҳоса нақди адабӣ роҳу восита ва нигоҳи тоза муҳайё мекунад. Аз ин рӯ, дар як муддати кӯтоҳ зери роҳбарии Соҳиб Шуҳратевич Табаров дар мавзӯи «Масъалаҳои матншиносии қиссаи «Одина»-и Садриддин Айнӣ» рисолаи илмӣ дифоъ намуда, сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ мегардад. Устод Аламхон Кӯҷарзода ҳамчун олими варзида доимо дар андешаи таъмини бомароми рушди адабиётшиносӣ буд. Тадқиқоти ӯ бунёдианд, олими заҳматкаш, фидоии роҳи илм аст, рисолау мақола ва гузоришҳои илмӣ ва медиаш пурсамаранд. Баъд аз чор сол аз рӯзи дифоъ бо талошу кӯшишҳо, ҷустуҷӯ, заҳматҳои шабонарӯзӣ аввалин асари мукаммали устод зери унвони «Тадқиқи текстологии «Одина»-и Садриддин Айнӣ» (Душанбе, 1982) дар шакли рисола ба нашр мерасад. Нашри ин асари бунёдӣ (фундаменталӣ), ки масъалаҳои асосии матншиносӣ ва масоли проблемавии ин соҳаро фаро мегирад, дар риштаи адабиёт-шиносӣ як марҳилаи нав буд.

Баъд аз солҳои 80-ум устод А. Кӯҷарзода ба тадқиқу омӯзиши яке аз бахшҳои умдаи адабиётшиносӣ - масъалаҳои нақди матн ва насри устод Айнӣ даст мезанад. Соли 1997 таҳти роҳбарии академики АИҶТ Муҳаммадҷон Шакурӣ дар мавзӯи «Мавқеи матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ менамояд. Бе муболиға метавон гуфт, ки пайдоиши асари

пешина
аз 226
навбатӣ