Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

сайқал додани дониши худро талаб мекунад, зеро ҳамеша таъкид мекунад, ки шахсе, ки бо илм сарукор дорад, то зинда аст, бояд биёмӯзад. Дар ин як нигориши кӯтоҳ наметавон тамоми паҳлуҳои фаъолияти илмию ҷамъиятии як инсони комил ва олими пурмаҳсулро, ки дар ҷодаи илм ба ҳайси як шахсияти бузург шинохта шудааст, ба риштаи тасвир кашид.

Аммо ин чанд сатр, ки ба зикри рӯзгору пайкор ва одамияту фазилати нотакрори як шахсияти бузург, ки воқеан арзандаи сифат кардан аст, барои дӯстону шогирдон як сабаки ибратомӯзест.

Ман як тан аз шогирдони устод ин ҳама накӯиҳои ӯро дар ташаккули шахсияти хеш сипосгузорӣ мекунам. Таълифу чопи ин мақола низ як навъи дигари сипоси ман ба устод, адабиётшиноси маъруф Аламхон Кӯчарзода аст.

Итминони комил дорам, ки бо истифода аз имконоте, ки дар робита ба таҷлили 75-солагии зодрӯзи адабиётшиноси маъруфи тоҷик Аламхон Кӯчарзода пеш омадааст, донишмандону суханварон ва шогирдон дар шинохти воқеъбинонаи осори илмию мактаби матншиносии ӯ бо нигоҳу андешаи неку тоза бо таълифу чопи як силсила мақолату ёддошт саҳми босазое хоҳанд гузошт. Зеро қадрдонии аз хидматҳои фарҳангӣ, илмӣ ва адабиву маънавии чеҳраҳои шоистаи миллати тоҷик дар шумори бузургтарин ибтикороте қарор дорад, ки аз падидаҳои шоистаи сиёсати фарҳангӣ ва маънавии Сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб гардидааст. Устод Аламхон Кӯчарзода низ яке аз чеҳраҳои шоистаи илму миллати тоҷик умри бобаракати хешро ба таҳқиқи муҳимтарин масоили адабиётшиносӣ масраф намуда, ба таълифи осори фаровони мондагоре муваффақ гардид, ки барои садсолаҳои оянда хизмат хоҳад кард.

пешина
аз 226
навбатӣ