Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Дар урфият гуфтаанд: «ҳар касеро баҳри коре офаридаанд», ки дуруст аст. Роҳ ҷӯстан ба сӯи илму маърифат корест басо мушкил ва пурпечу тоб ва тай кардани он сабру таҳаммулро такозо менамояд. Устод Аламхон Кӯҷарзода аз ҷумлаи он касонеанд, ки дар ин роҳ ҳам муваффақ гардида ва ҳам яке аз шахсиятҳои басо фаъоли фарҳангию иҷтимоӣ шинохта шудаанд, ки дорои тарзу усули ба худ хоси тадқиқоту пажӯҳиш мебошанд. Дар давоми фаъолияти хеш устод мактаби илмие ба вуҷуд овард, ки шогирдону пайравони зиёдеро фаро гирифтааст.
Ҳамин аст, ки фаъолияти сермаҳсули ин устоди забардаст таваҷҷуҳи олимону муҳаққиқонро ҷалб кардааст. «Дар ниҳоду вуҷуди ин устод ба ҷуз тамкину хоксории ба худашон хос боз се унсуре ҳаст, – қайд гардидааст дар мақолаи пурарзиши Ҳафиз Раҳмон ва Қарор Нурқаев, – ки моҳияти зиндагиву фаъолияти ӯро бозгӯ мекунад: муаллим, муҳаққиқ ва инсони комил. Устод дар таҳти таъсир ва гармонияи ҳамин се унсури ба ҳам мувофиқу ҳамоҳанг қарор доранд ва аз баракати онҳо обрӯву эҳтиром ва шуҳрат касб кардаанд».
Дарвоқеъ, устод, пеш аз ҳама омӯзгори пуртаҷриба шинохта шудааст. Чун дар педагогикаи мактаби олӣ аз омӯзгор талаб карда мешавад, ки пайваста навовар ва дар ҷустуҷӯю пажӯҳиши тоза бошад, нахуст тасмим бар он гирифта шуд, ки мухтасар оид ба фаъолияти эҷодии устод, аз ҷумла фаъолияти матншиносӣ гуфта бошем. Устод Аламхон Кӯҷарзода яке аз муҳаққиқони сермаҳсул дар самти омӯхта шудани нақди матни адабиёти муосири тоҷик, аз ҷумла матни осори устод Айнӣ мебошанд. Аз ҷониби устод мақолаҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё