Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

даст доду аз лаззати ҳамсафарӣ бо устоди гиромӣ бархӯрдор гаштем. Азбаски ҳавои баҳориро болои сар доштем, дар роҳ мувоҷеҳ ба мушкил шудем, нақлиётамон дар миёни сангоб дармонд ва устод ба синну соли хеш нигоҳ накарда, дар баробари ҷавонон дасту остин барзада нақлиётро ба роҳ дароварданд ва чӣ саҳнаи зебову аҷибе буд. Ҳарчанд устод Аламхон Кӯҷарзода қалбашонро ҳамеша кафи даст доранд, вале дар пушти ожангҳои дар рӯй дамидаи устод гӯиё як олами маънӣ руст шудаву ба ҳар мавриде, дар табассуме, дар тарҳи мармузе, дар лағзиши нигоҳе, дар ҷилваи хаёле аз худ дарак медиҳанд, ба забони дигар, гӯиё тамоми дардҳои нуҳуфтаи ҳамзамононашро дар он дили бузург ҷой намудааст ва андешаи нигоҳи устод мисраҳоеро аз ашъори шоири халқии Тоҷикистон Рустами Ваҳҳоб ба хотир меорад:

Ҳар касе аз дурдасте як гаме пайдо кунад,
Пеши ман оварда мегӯяд, ту гумаш кардаӣ.

Устод Аламхон Кӯҷарзода дар маҷмӯаи рубоиёти хеш, ки бо унвонии “Сад рубой” (Аламхон Кӯҷарзода. Сад рубой. — Душанбе, 2010) ба зевари табъ расидааст, суфраи маънӣ кушода, ки ҳар хонанда мувофиқ ба ҳоли худ метавонад аз он суд барад. Рубоиёти эҷоднамудаи устодро аз лиҳози мазмуну муҳтаво метавон ба чанд даста тақсим намуд. Рубоиёте, ки ба шеваи халқӣ эҷод шудаанд, рубоиёте, ки мавзӯи баланди ватандӯстиро инъикос менамоянд ва рубоиёте, ки дар онҳо маърифати фанопазирии дунё инъикос ёфтаанд.

Устод рубоиро дар фароҳам овардани мавзӯъҳои ватандорӣ ҳамчун қолибе — хушсалика ба кор бурдааст, ки аксаран бо оҳангҳои халқӣ ба қалбу ҷон рӯҳ мебахшад:

Атри сари зулфи ёр бӯи Ватан аст,
Сеҳри нафаси баҳор бӯи Ватан аст.
Эй дӯст зи баҳри мушк сарсон нашавӣ,
Мушки Ҳутани диёр бӯи Ватан аст.

пешина
аз 226
навбатӣ