Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Яъне бо ҳар нафаси зиндагӣ ҳамҷавор шудан бо бӯи Ватан, ки мояи саодату хушнудист, дар ин навъи рубоии устод тараннум ёфтааст. Барои мисол аз ин даста боз ба рубоии дигар руҷӯъ мекунем:

Ай хоки ба зар баробарам, ай Ватанам,
Ай санги ту лаъли аҳмарам, ай Ватанам.
Ай оби ҳазор чашмаи пурҳаракат
Чун шири сафеди модарам, ай Ватанам.

Ё дар ҷои дигар мефармояд:

Эй хоки Ватан, сурмаи чашмони манӣ,
Мушки Хутаниву намаки кони манӣ.
Охир тани сарди ман дар оғӯш каши,
Билло, ки радифи модари ҷони манӣ.

Чеҳраи устод Аламхон Кӯҷарзодаро ҳамчу вассофи Ватан дар чанд нукта метавон чунин бозгӯ намуд: аввал ин ки, устод саодати ватандориро дар ҷилову мавҷудияти олами зоҳир ва падидаҳои он ба қалам додааст ва баъдан ин вожаи зеборо дар паҳлуи исми модар – муқаддас мешуморад ва афзун бар он, аз Ватан ҳамонгуна месарояд, ки ҳатто баъди марг низ ӯро дар оғӯш мегирад.

Дар заврақи хаёлҳои суфтаву бикри устод, гоҳе ба амвочи тӯфонии нозшикан рӯ ба рӯ мешавем, ки моро ба андешидану тафаххус дар соату дақиқаву лаҳзаи умр тақозо менамояд:

Аз ҷоҳи миёни раҳ нигаҳ дор Худо,
Аз домани пургунаҳ нигаҳ дор Худо.
Поёни шаби сиёҳ бар рӯз расад,
Аз мардуми дилсиёҳ нигаҳ дор Худо.

Агарчи дар ин рубоӣ як амри матлубе дар паноҳ ҷустан аз вуҷуди Ҳақ суруда шудааст, аммо ибораву таркибҳои зебову дилошӯб дар тасвирҳо, ба шеър бадеият бахшидааст.

пешина
аз 226
навбатӣ