Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

илмӣ, монографияҳо ва дастурҳои методӣ ва васоити таълим ба шумор мераванд.

Тадқиқот ва корҳои илмӣ ҳамон вақт қадру қимати махсус пайдо мекунанд, ки агар хулоса ва тавсияҳои он дар амал татбиқ шаванд, байти зерини шоир ҳамин маъниро дорад:

Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.

Дар ин бобат низ профессор Аламхон Кӯҷарзода хушбахтанд, зеро дастовардҳои олим дар раванди таълими мактабҳои олии кишварамон мавриди татбиқ қарор гирифтаанд.
Ҳамзамон устод дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳо бо муҳаббат, бо самимият ва бо ишқу рағбати бепоён донишҷӯёнро аз рамзу роз ва моҳияти адабу суханшиносӣ огоҳ намудаанд. Бештар аз ним аср дар роҳи илму таълим ва маърифат бедарег заҳмат кашидан осон нест. Бошарафона тай кардани ин қуллаи фаъолият пеш аз ҳама муҳаббат, шуҷоат, садоқат, маърифат, ҳиммат мехоҳад, ки ҳамаи ин фазилатҳо шахсияти инсонии устод Аламхон Кӯҷарзода зеб медиҳад.

Тавре ки ёдоварӣ гардид, устод якумр дилбастаи илми адабиётшиносӣ буда, дар ин ҷода ҳамзамон чун муҳаққиқи варзида соҳибном гардидаанд. Устод дар саргаҳи олимону донишмандоне қарор доранд, ки барои ташаккули илми адабиётшиносӣ, таҳқиқи матншиносӣ хизмати шоиста намудаанд, ки барои мо шогирдон шоистаи ибрат ва намунаи пайравист.

Воқеан, табиат ба устод Аламхон Кӯҷарзода қобиляти ақлию зеҳнӣ, тафаккури баланди илмӣ, қалби ҳассосу мушфиқ, ҳалимиву хоксарӣ ҳадя намудааст, ки дар фаъолияти илмиву омӯзгорӣ ва рафтору гуфтори ҳаррӯзаашон зоҳир мегардад. Ин сифатҳо имконият додаанд, ки мавқеи эътирофшударо дар коллектив, аҳли ҷомеа ва доираи илму фарҳанги кишвар ноил гарданд.

Профессор Аламхон Кӯҷарзода, дар ҳақиқат, фидоии
илму фарҳанг, касбу кори хеш, олими пухтакору нуктасанҷ

пешина
аз 226
навбатӣ