Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Хушбахтона, соли 1959 дар деҳаи Саричашма мактаб-интернат кушода шуд. Модари меҳрубон барои он ки писараш дониш бигирад, барои идомаи таҳсил ӯро ба ҳамон таълимгоҳ супорид.
Вақт зуд мегузарад. Аламхон дар синфҳои 7-11 дар ҳамин мактаб-интернат таҳсил карда, ба таври мунтазам ба корҳои ҷамъиятӣ ширкат менамуд. Ӯ бо хонишу дониши худ дар байни талабагон ва омӯзгорон сазовори обрӯю эътибори баланд гардид. Дар он солҳо дар мактаб-интернатҳо кумитаи талабагӣ вуҷуд дошт, ки ба таври мунтазам ба раҳбарияти мактаб ва омӯзгорон кӯмак мерасонид. Ҳамин кӯшиш ва дониши Аламхон буд, ки ӯро дар мактаб раиси кумитаи талабагӣ интихоб менамоянд. Бо сарварии ӯ шабнишиниҳо, маҳфилҳои адабӣ, ҷашнвораҳои адибон баргузор мешуд, ки ба ин васила хонандагон илму дониши худро такмил медоданд.
Аз он даврони бачагию навҷавонӣ солҳо гузашт. Аламхон Кӯҷарзода имрӯз низ аз муҳаббати омӯзгоронаш бо меҳр ёд мекунад. Бо самимият ёдовар мешавад, ки то имрӯз суханҳои неки падаронаи муаллимони азизаш — Самад Фаттоев (директор), Қосим Каримов (сармураббӣ) ва дигаронро фаромӯш накардааст. Ӯ номи яке аз устодони зиндаёдаш Барот Муродовро бо меҳр ба забон оварда мегӯяд, ки бо раҳбарии ин устоди меҳпарвар дар мактаб-интернат маҳфили адабӣ фаъолият дошт. Аз гуфтаҳои А. Кӯҷарзода маълум мешавад, ки маҳз ҳамин маҳфил сабаб шудааст, ки меҳри ӯ ба фасоҳату салосати забони модарӣ ва адабиёти оламшумули тоҷикию форсӣ зиёд шавад.
Ин ҷавони илмдӯст мактаб-интернатро бо баҳои аъло тамом карда, соли 1964 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуда, онро соли 1969 ба поён мерасонад. Дар солҳои донишҷӯӣ аз устодон Ш. Хусейнзода, С. Табаров, Д. Тоҷиев, В. Асрорӣ, М. Қосимова ва дигарон сабақ омӯхтааст ва ҳамчунин ҳангоми маҳфилҳои адабӣ аз ҳузури аксари шоирон

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё