Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ва адибони он давр истифода намудааст. Борҳо дар маҳфилҳо аз суҳбатҳои гуворои адибон М.Турсунзода, Б.Раҳимзода, Ҷ.Икромӣ, С.Улуғзода, М.Қаноат ва дигарон баҳра бурдааст. Пас аз хатми донишгоҳ ӯро бо роҳхат ба Донишкадаи давлатии омӯзгории Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Рӯдакӣ) мефиристанд. Ӯ дар кафедраи адабиёти тоҷик дар вазифаҳои муаллим (1969-1972), муаллими калон (1972-1981) кор карда, зимнан ба таври ғоибона ба аспирантура (1972-1976) дохил шуда, ба навиштани рисолаи илмии худ машғул мегардад.
Ҳам кор кардан, ҳам хонаводаро аз ҷиҳати моддӣ таъмин сохтан, ҳам фарзандонро тарбия намудан ва ҳам машғули таълифи рисолаи илмӣ шудан осон нест. Ҳамин заҳматҳои эшон буд, ки соли 1978 оид ба мавзӯи «Масъалаи матншиносии повести «Одина»-и С.Айнӣ», таҳти роҳбарии узви вобастаи АИ ҶТ С.Табаров Аламхони заҳматкаш рисолаи илмии худро ба анҷом расонида, онро дифоъ карду сазовори дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ва дар муддати кӯтоҳ соҳиби унвони дотсент низ гардид.
Устод А.Кӯҷарзода ошиқи адабиёт аст. Бисёр мехонад ва зиёд менависад ва ҳамчунин дар фурсатҳои муносиб эҳсосоти зебои ботинии худро ба воситаи шеър ифода менамояд. Ҳамин ишқи адабиёт водор намуд, ки А.Кӯҷарзода дар солҳои 1980-1988 раҳбари илмии «Адибони ҷавон»-и факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва муҳаррири рӯзномаи ҳамин донишгоҳро бо номи «Анвори дониш» (1994-1996) бар уҳда дошта бошад. Ин гуна фаъолиятҳои ӯ аз он шаҳодат медиҳанд, ки А.Кӯҷарзода ҳамеша бо кори эҷодӣ ва таълифи асарҳои илмӣ ва оммавӣ машғул будааст.
Дар солҳои 80 ва 90-уми садаи бист асарҳои зиёди илмии ӯ оид ба нақди адабӣ ва ба хусус таҳқиқи осори Айнӣ чоп шуд. Асоси пажӯҳишҳои А.Кӯҷарзода матншиносии адабиёти муосири тоҷик дар мисоли осори С.Айнӣ буд. Ҳосили

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё