Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

бевосита мактаби сеюми тадқиқоти адабиётшиносӣ дар Донишгоҳи миллӣ ба вуҷуд омад, на дар ҷои дигар” (71-82).

Устод Соҳиб Табаров ҳангоми ба пойтахт омадани устод А.Кӯчарзода ду сол кам дар синни мубораки имрӯзаи шогирдашон буданд. Аз ин рӯ, ниёзмандии устод ба шогирди аз ҳар нигоҳ донишманду таҷрибаандӯхта ҷиҳати таҳия ва таҳрироти асарҳои муҳташами илмӣ пайдо шуда буд. Чунки устод С.Табаров ба муҳарририи асарҳояш на ба ҳар кас бовар доштанд. Мисли оне, ки устод С.Айнӣ дар таҳрири асарҳояшон фақат ба нафаре, ки аз хулқу атвор ва тарзу усули эҷодиаш зиёда воқиф буд, яъне устод ба Абдусалом Деҳотӣ эътимод доштанд.

Устод А.Кӯчарзода чун шахсияти нексиришт қадршиносанд. Хизматҳои устодашро дар ташаккули маънавӣ ва корҳои илмию таҳқиқотӣ ва таълимӣ пос дошта, ҳамчун рамзи сипосу қадршиносӣ мақолаҳои зиёд ва китоберо аз қабили “Ҳамсоли республика” (1974), “Ҷашни камолот” (1974), “Пайванди ақлу дониш” (1984), “Мунаққид ва омӯзгори барҷаста” (1994), “Хоки Ватан аз тахти Сулаймон хуштар” (1999), “Табаров ва масъалаҳои матншиносӣ” (2004), “Муҳаққиқи матн” (2004), “Умре, ки сарфи хома шуд” (2008), “Муҳаққиқи соҳибмактаб” (Душанбе: Адиб, 2014. – 159 с.) ва ғ. ба табъ расонданд. Ғайр аз ин, дар таҳриру таҳияи асарҳои устодаш “Асосҳои назариявии танқиди адабӣ”. Қисми сеюм.
(Душанбе, 1999. – 244 с.), “Мунзим. Беҳбудӣ” (Душанбе, 2002. – 88 с.), “Се маорифпарвари тоҷик дар бораи амирони Манғит” (Душанбе, 2006. – 208 с.), “Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат” (Душанбе, 2008. – 715 с.), “Ҷаҳони андешаҳои Абдуррауфи Фитрат” (Ҷилди 2. Душанбе, 2009. – 502 с.) ва таҳияи осорномаи “Соҳиб Шуҳратиевич Табаров” (Душанбе, – 2003. – 40 с.) хизмати шоиставу бедареги шогирдона намуданд.

Гуфтан зарур аст, ки фаъолияти устод Аламхон
Кӯчарзода гуногунпаҳлу буда, ба равияҳои ба худ хос: матншиносӣ, нақди арабӣ ва таълим тақсимбандӣ мешаванд. Ҳар як таълифоти устод шоистаи таҳқиқоти адабиётшиносони ҷавону оянда хоҳад буд.

Дар фарҷом устоди оқилу хирадманд, профессор Аламхон Кӯҷарзодаро аз номи дӯстону пайвандон ба муносибати 75-умин баҳори умрашон самимона табрику таҳният намуда, ба эшон, пеш аз ҳама, саломатӣ, умри дарози пурбаракат ва дар корҳои илмиву таҳқиқотиашон комёбиҳои нав ба навро орзумандем.

пешина
аз 226