Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

А.Қӯҷарзода фаъолияти илмию таълимиашонро то соли 1997 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ сомон додаанд. Ва аз соли 1997 устод ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуда, фаъолияташонро ба ҳайси дотсенти кафедраи адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз менамоянд. Ва аз соли 1997 то имрӯз марҳилаи дуюми фаъолияти илмию таълимии устод оғоз шуда, андеша дорем, ки мавзӯи алоҳида хоҳад буд. Чунки муҳимтарин таълифот ва санаҳои таърихию фаромӯшнашаванда ва барои устод фараҳманд хеле зиёданд. Аз ҷониби дигар, омадани устод ба шаҳри Душанбе аксари олимони соҳавӣ, ҳайати коллективи ҳамкорони имрӯза ва махсусан устоди бевоситаашон С.Ш.Табаровро шод гардонда, барои корҳои таҳқиқотиву таълимиашон заминаҳои мусоидро ба бор овард. Гарчанде ки то ин давра устод А.Қӯҷарзода аз дастуру тавсияҳои устод С.Табаров бенасиб набуданд, вале дар робитаи доимиву саривақтӣ мушкилот вуҷуд дошт. Фароҳам омадани робитаҳои наздик на танҳо ба устод Кӯҷарзода, балки ба корҳои тадқиқотии ду тан аз фарҳангиён созгор омад. Акнун устод С.Табаров дар симои шогирдашон як олими намоёни тоҷикро медиданд ва ҳамеша аз кору пайқораш изҳори ифтихормандӣ мекарданд. Ифтиҳороти устод С.Ш.Табаров борҳо дар мактубу суҳбатҳояшон нисбат ба шогирдони воқеан соҳибмактабаш матраҳ шудааст. Фақат ҳамонеро, ки ба шахсияти А.Қӯҷарзода марбут аст, тавассути мусоҳибаашон бо адабиётшинос Боймурод Шарифзода ёдовар мешавем: “...Ё мактаби сеюмамро гирем. Солҳои сол дар дорулфунун курси матншиносиро дар гурӯҳи адабиёти шӯравӣ мехондам. Яке аз масъалаҳои омӯзишу тадқиқаш муҳим масъалаи матншиносии адабиёти муосири тоҷик буд. Ва ҳозир ман хурсандам, ки яке аз мутахассисони ҳамин соҳа, шогирди камина, дуҳтури илми филология Аламхон Кӯҷарзода шуд. Яъне,

пешина
аз 226
навбатӣ