Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ба китфи вай гузошт. Раҷаб ӯро бо як даст ба оғӯш гирифт. Баъд маҳзун ба чашмонаш нигариста гуфт:
— Ба назди волидонат рафтан намехоҳӣ, Ойа?

Агар Ойа медонист, ки гуфтани ибораи «Ба назди волидонат рафтан намехоҳӣ, Ойа!»-ро Раҷаб чӣ қадар шабонарӯз машқу тамрин карда?! Чӣ қадар калима интихоб намуд ва фикр карда, ки бо кадом оҳанг онро ба забон орад. Дар гуфтораш мақсади тамоман дигар ниҳон буд. На он мақсаде ки Ойа мепиндошт. Ойа оромона ва мутеона пурсид:
— Барои чанд рӯз?
— Барои чанд рӯз? — Раҷаб хомӯш шуд ва барои он ки ба сари мақсад ояд синаро аз ҳаво пур кард.
— Ба таври ҳамешагӣ! Тамоман!..

Ойа аз ин чизе нафаҳмида ба ӯ нигоҳ карда монд... Ӯ бошад бо нигоҳи пургазабу қатъӣ ҷавоб дод:
— Тамоман! Ту фаҳмидӣ, ки ман чӣ гуфтам? Ман намехоҳам, ки тамоман ба назди волидонат баргардӣ!

Он лаҳза Ойа болои ин гуфтор андеша ронд. Сипас бар рағми иродаи ӯ болои гуноҳои бехуну шудааш донаҳои ашки ҳасрат сарозер шуданд. Раҷаб аз ҷой чаҳида хесту ӯро тела дод, — токаташ ток шуда буд. Баргашту амр дод, ки зуд тайёр шавад. Имрӯз онҳо ба хонаи падару модараш мераванд ва берун баромад. Ойа аз қуввату дармон рафта, болои рахти хоби Раҷаб менишаст. Шояд аввалин бор ӯ пеши худ бо чашм андеша меронд: «Ба ин амал чӣ гуна ҷавоб диҳам? Оё ман одам нестам? — Магар бадахдӣ намудам? Чаро ба худ ин қадар азобро раво бинам? Барои чӣ ӯ бо ман чунин муносибат мекунад? Барои чӣ?!».

Аз хона бе рехтани ашк баромада, Ойа хашмолуд ба Раҷаб гуфт:
— Майлаш. Бигузор гуфтани ту шавад. Меравем.

Набот аз шунидани хабари рафтани писару келинаш ба хонаи қудо хурсанд шуд. Ин икдомро ҳатто нек ҳисобид. Қайҳо бояд домод ба хонаи падару модари арӯс мерафт. Дер ҳам кард. Раҷаб аз ҷанг баргаштан замон бояд ба хонаи занаш мерафт. Раҷаб бошад ҳеҷ пой пеш намемонд. Ҳамеша ба ҷавоби хоҳиши Набот ягон баҳонае пайдо мекарду саркашӣ менамуд. Оқибат бинад, ки худаш чунин тасмим гирифтааст. Кампир аз ғояти шодӣ дастархони калони сафедро пур аз тӯша намуду фарзандонро то охири авул гуселонид, гӯё онҳо ба ягон сафари дуре мерафта бошанд.

пешина
аз 328
навбатӣ