Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
шавҳараш ҳамроҳи Раҷаб таваллуд шуда буд. Ҳати сиёҳи шавҳарро ним сол пеш аз Ғалаба гирифта, ба хонаи волидайнаш нарафта буд. Дилмаш ба хушдоманаш, ки ҳамин қадар сол якҷо зиндагӣ карда унс гирифта буд, сӯхт. Хушдоман Баҳорро борҳо гуфта буд, ки барои худ шавҳаре ёбад ва ӯ набераашро худаш калон мекунад. Баҳор бошад ин ҳама мусибатро тоқат мекарду барои шавҳар кардан аҷала надошт.
Шабоҳати хислату сарнавишт Ойро бо Баҳор дӯст гардонда буд. То бозгашти Раҷаб аз ҷанг онҳо ҳеҷ аз ҳам ҷудой надоштанд. Вақте ки Раҷаб омад, Баҳор қасдан худро аз онҳо канора гирифтаву нозир муносибати сарди шавҳарро бо зан мекард. Имрӯз боз онҳо якҷоя буданд. Баҳор қарор дод бо дугонааш дар ин мавзӯъ ҳамсӯҳбат шавад.
Дар аввал Ойа ба саволҳои дугонааш ҷавоби дуруст намедод. Баъд гиря намуда қоил шуд, ки дар ҳақиқат шавҳараш бо ӯ намехобад. Чун шамоли фасли сармо сарду беҳис аст, Раҷаб аз ҷанг бо як ҳолати тамоман ғайриоддӣ омадааст — мегуфт Ойа ба дугонааш. — Агар гӯяд, ки вайро дӯст намедорад, мумкин нест. Дӯст медорад. Ӯ инро итминон дорад. Аммо ким-чӣ дар рафтори ӯ ниҳон аст. Гӯё ки қасдан ба ӯ хашм мекард, вонамуд мекунад...
Баҳор пешонаяи тозаи ҳамворашро чин намуд. Пеши худ андеша меронд, ки чаро ин тавр мешудааст. Ӯ ба Ойа бовар мекард. Аммо сабаб дар чӣ бошад? Сипас ба сараш фикре омад, оддӣ барои ӯ, ғайриоддӣ барои дугонааш, ки аз гуфтанаш дар аввал шармаш омад. Як-ду дафъа ба Ойаи маҳзун нигоҳ карду қарор дод, ки гӯяд.
— Хоҳарҷон, ҳафа намешавӣ агар маслиҳате диҳам? — пурсид аз Ойа.
— Не, бигӯ, — Ойа мутаҳайирона ба дугонааш нигарист.
— Ту фақат ҷавоби рад надеҳ каме бияндеш. Хоҳиш мекунам, майлаш?
— Хуб, бигӯ, чаро кашол медиҳӣ? — Ойа қариб тоқаташ тоқ шуд.
— Дар Самсикб мегӯянд, ки фолбини хубе зиндагӣ мекунад, — оҳиста гап сар кард Баҳор, — мегӯянд, ки хуб фол ҳам мебинад. Тамоман фолаш рост мебаромадааст...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё