Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Ту девона шудӣ, Саҳатлӣ! Ман шавҳар дорам. Ӯ ҳоло намӯрда, чаро ин гапҳоро мегӯӣ?!

— Лекин шавҳарат туро азоб медиҳад! Ин гуна шавҳарро ҳатто куштан кам аст.

Чашмони Ойа худ ба худ сиёҳӣ заданд. Дар пеши назари ӯ ҷасади беҳаракати шавҳараш намоён шуд, навмедона дасте афшонд:

— Ана, ба ту!

Аз торсакии обдор чашмони Саҳатлӣ барқ заданд. Ҳарду дастони Ойаро дошта, Саҳатлӣ тез-тез ба сухангӯӣ пардохт:

— Ойа, азизам, дӯстрӯям, ягонаам, ин тавраш даркор нест. Ту медонӣ, ки ман аз хурдӣ дӯстат медорам. Ҳамеша дӯстат медоштам ва ҳоло зиёдтар дӯстат медорам. Гӯш кун маро. Раҷабатро бимон, ӯ ба ту намеарзад. Меравем. Ҳар ду меравем аз ин ҷо. Бар ҳар куҷо, ки хоҳӣ.

Зиндагии ҳардуямон беҳад ширин хоҳад шуд. Бовар кун. Туро рӯи дастонам гирифта мегардам. Ҳеҷ кас аз ман зиёдтар дӯстат нахоҳад дошт. Ойаҷон, меравем аз инҷо, меравем, азизам!...

Ойа чун гунҷишки дар тур афтода, дар дастони Саҳатлӣ метапид. Ӯ наметавонист, ки гӯшҳои худро бипӯшонад, то суханони бе пардаи марди номаҳрамро нашунавад, наметавонист, ки зарбае ба ин касофат бизанад. Танҳо як роҳ барои ӯ монда буд. Дод задан. Ва ӯ бо овози баланд дод зад:

— Раҷаб!...

Овози ӯ чун тир дар майдони пахта паҳн гардид. Колхозчиҳо бо белу каландҳои дасташон ба сӯи овоз роҳ гирифтанд. Пеш-пеши ҳама Раҷаб медавид, ки овози занашро шунида буд.

Саҳатлӣ дар як мижа задан худро дар буттазори дарахтони бед пинҳон сохт. Раҷаб яке аз аввалинҳо шуда ба он ҷо расида омад ва аз запаш, ки нафасгиӣ мешуд, музтарибона пурсид:

— Чӣ воқеа рух дод?

Дар овози вай он қадар меҳру изтироб якҷоя буданд, ки чашмони Ойа дар як он хушк шуданд. Ӯ ба бедзор ишора кард.

— Он ҷо... он ҷо... мори сиёҳест...— ҳатто барои худаш ҳам ногоҳонӣ гуфт ӯ.

— Уфф! Хуб сахт тарсондӣ маро,— сабук нафасе баровард Раҷаб ва бо табассум ба буттазор назар андохт.—

пешина
аз 328
навбатӣ