Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

АдабиётТаърих
Аз аввал хондан

бошад дар атрофи асп қадам задан гирифт, ба замзаманд суруде сар кард, гарчанде на овози хуб ва на завқи мусиқифахм дошт, боз баландтар хондан гирифт. Сурудхонон ба лаби чоҳ рафт, аз шохаи бурчак қапида, ба даруни чоҳ назар афканд. Ва мисли он ки аввалин бор дар умраш ба чоҳ менигариста бошад, хеле сар ҷунбонд, ноаён буд: аз рӯи ҳайрат ё бо маънои маҳкум кардан... ва ҳама хомӯш меистоданд. Баъд лаби поённиашро газида, ба хоначаҳо назари дарозе афканд. Ҳамаи ин на он қадар табиӣ ва кимчӣ хел мунофиқона менамуд. Пирамард ба фикр рафт. Одатан дар чунин ҳолатҳо корҳоро ба писараш вогузошта, худаш меҳмононро ба хона мебурд. Ҳоло бошад фикр мекард, ки чӣ хел карда, бе дилсӯхӣ меҳмонони нохондаро гусел кунад. Онҳо маъқулаш нашуданд. Хусусан вақте, ки келин бемаҳал аз хоначаи худаш баромад. Ба келинаш ҳам гила кард: «Ёфт вақти баромаданашро!». Ба писараш ҳам гила кард, ки ҳамин ҷо гашта, фалокатеро ҳис накард, бетоқатона мепурсид: «Чӣ кор кунем падар, меҳмонорон чӣ хел пазирой мекунем?». Худи мӯйсафед ба худаш маъқул набуд, акнун медид, ки он чӣ рӯх медиҳад ба хубӣ намеанҷомад. Ва он чӣ, ки гусфандон аз назди чоҳи кӯҳна ҳар сӯ пароканда шуданд аломати хуб набуд. Ҳатто хуштаккашии бепарвоёнаи писари хурдӣ низ аломати хубе надошт.

Ва мана, забонаш намегашт, ки меҳмононро ба хона таклиф кунад. Ба ҷои ин бошад чӯпони пир хоби имрӯзаашро ба ёд овард. Хоб ҳам фоли хубӣ надошт, лекин мӯйсафед кӯшиш кард ба худаш бифаҳмонад, ки маҳз барои чӣ хоб нохуб буд. Ҳамсари кампираш, ки даҳ сол қабл фавтида буд, ба хобаш даромад. «Мӯйсафед, — гӯё мепурсад ӯ — барои чӣ ин хел ғамгинӣ?» — «Эй, — гӯё мӯйсафед ба ӯ ҷавоб медиҳад, — ту кампир ҳама вақт ягон гап мебофӣ. Ман чӣ хел хафа бошам, ки ҳамаи чиз дорам. Хӯрок ҳаст, об ҳаст, хонача ҳам ҳаст, ки дар вақти бадии ҳаво сарпаноҳ мешавад. Ду писар дорам, келин ҳаст. Ба қариби набера ҳам таваллуд мешавад ва дар тамоми олам мисли ман касе хушбахт нахоҳад буд.. Афсӯс, ки ту нестӣ, ҳамроҳи мо хурсандӣ мекардӣ». Вале кампир фақат сар ҷунбонда, заҳрханде кард ва бо кимчӣ хел шубҳани ранҷишомез аз назар ғайб зад.

Дар бомдод намозро ба ҷо оварда, мӯйсафед келинашро, ки ба корҳои худ овора буд, назора кард. Ҳа, келинаш назаррас гирдакак шудааст, шикамаш хеле дамида,

пешина
аз 328
навбатӣ