Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тамоми вуҷуди Мамад аз ин гапҳо ларзид, хост хӯй хӯрад, лекин ханҷари тез дар паҳлӯяш ӯро боздошт. Ҳаракати ҷавон аз мадди назар пинҳон намемонд.

  • Ҳар дуяшро ба тарим1 бандед! — фармон дод шоҳзода. - Бигузор намоиши шоҳзодаҳои ҳақиқиро тамошо кунанд.
    Ин чист, намоиши шоҳзодаҳо? — пурсид франсуз аз Сиёҳ-сартип, ки дар паҳлӯяш меистод. — Ман чӣ хел аст, ки ҳеҷ нафаҳмидам.
    — Агар то ҳол ҳам нафаҳмида бошӣ, — бо ваҷҳи ба франсуз нофаҳмо ҷавоб дод генерал, — ҳозир фаҳмида мегирӣ, ҳозир ҳамашро мефаҳмӣ. — Сиёҳ-сартип бо ҳиссиёт дастонашро молид. - Бубин, бубин, бубин охир, қариб ки оби чашм рехта ба гӯши франсуз гуфт ӯ ва ба нӯги пояш рост шуд, то он чиро, ки дар даруни хонача рӯҳ медод, дурусттар тамошо кунад.
    Дар он ҷо бошад, падару писарро ба кунҷҳо кашида, дастонашонро нимшикан карда, ба тарим сахт баста буданд. Пас аз ин шоҳзода байни мардони басташуда ва Огулчереи ларзону ба кунҷаки хона хазида даромада, ба қадамзанӣ даромад, ӯ мерафту андешамандона нигоҳашро аз пеши пояш намеканд. Баъд ногаҳонӣ барквор ба назди мӯйсафед омада, аз риши ӯ сахт кашид. Ин барои яшулии2 туркман шармандагии аз ҳама сахт буд! Чӯпони пир гиря карда ва Худоро илтиҷо намуд, ки ӯ хоҳони марг аст, Худо бошад ӯро намешунид ва мӯйсафед маҷбур буд ҷоми шармандагиро то охир даркашад.
    Бо ишораи шоҳзода муҳофизони говзӯр кох-кох хапдида, якдигарро тела додаву остинҳоро барзада, сӯи кунҷаке, ки Огулчерен қатъ шуда, ларзида менишаст ва тайёр буд то андозаи чашмнорас хурд шавад, ҳаракат карданд.
    — Ваҳшиёни лаънатӣ! — бо овози гӯшкаркунанда фарёд баровард ӯ, — Агар ба ман раҳматон наояд, раҳми кӯдакро хӯред, ки ҳоло таваллуд нашудааст!
    Мӯйсафед бори нахуст фарёди келинашро шунид. Ва дар ин фарёд шарм не, дарду алам барои тақдири набераш буд. Ба назари мӯйсафед чунин намуд, ки ҳамроҳи модар тифли ӯ ҳам дод мегӯяд. Ӯ ҳамагӣ се-чормоҳа аст ва акнун бояд ки бимирад. Ҳамин тариқ ӯ набераи кӣ буданашро нахоҳад донист. Таваллуд нашу-

1 Тарим — каркаси панҷарагӣ, девори хонача.
2 Яшуллӣ — муроҷиати боҳурматона нисбат ба калонсолон.

пешина
аз 328
навбатӣ