Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

гарчанде бисёр хондаӣ, лекин туркманҳоро намедонӣ, барои ҳамин ҳам гумон дорӣ, ки ба ҷанги сахте меравӣ. Барои ба зону шинондани Марв бошад, ҳатто зарурати сари гаранг кардан ҳам нест, — ва Сиёҳ-сартип сӯи ноҷача назар афканд, ки аз он ҷо мағали занозанӣ, фарёди мардон, фиғону нолаи зан меомад.

Сипас наъраи пурдаҳшати шоҳзода: «Як занакро саришта карда наметавонед, агар бо мардҳо вохӯред чӣ кор мекунед!». Ва аз нав ғалоғула, доду фарёд, нолаи дарози занона, ки бо шунидани он Сиёҳ-сартип аз ҳаяҷон ларзид: Лекин Блоквил бошад, ӯро дуртар бурда гуфт:

— Ман бошам дар ҳақиқат фикр мекардам, ки мо ба ҷанги пурдаҳшат меравем.

Генерал бо тассуф рӯяшро каҷ кард:

— Ман ба ту мегӯям, ки хато мекунӣ — қавми туркманҳо чӣ будани ҷанги ҳақиқӣ, чӣ будани интизоми оҳанинро намедонад, тактика ва зиёда аз ин стратегияи ҷанги ҳозираро намедонад.

— Барои чӣ?

— Барои чӣ? — генерал бо заҳрханд ба француз нигарист. — Худат фикр кун, халқе, ки як нафар генерал надорад аз куҷо андешаи чунин чизҳоро мисли тактика, мисли стратегия дорад? Ягон генерал нест, — ва Сиёҳ-сартип маънидорона ангушташро дар пеши бинии франсуз ҷунбонд, — зиёда аз ин чунин сарлашкарое мисли шоҳзодаи мо Ҳамза Мирзо нестанд ва буда ҳам наметавонанд.

— Хайр, нағз ва ба ҳар ҳол, оё ман фаҳмида метавонам, ки шоҳ Насриддин Марвро ба зону шинонда, баъд чӣ кор мекунад?

— Ва фаҳмида ҳам наметавонӣ, — мағрурона лабханд кард Сиёҳсартип, — барои он ки ту форс не, франсузӣ, франсузе, ки зарбаҳои номардонаи туркманҳои осиро начашидааст. Охир онҳо қариб ки ҳар рӯз ба мо ҳамла мекунанд, авулҳоро ғорат мекунанд, занҳоро мебаранд.

— Хуб, таваҷҷӯҳ кунед, генерали азиз, ин ҳуҷумҳои наздисарҳадӣ, гоҳ аз ин сӯву гоҳ аз он сӯи сарҳад ҳама вақт рӯй медиҳанд. Оё дуруст нест? Ва наҳод акнун ҳамин як халқи бутунро зери итоат даровардан даркор бошад? Оё беҳтар набуд, ки гуфтушунид гузаронида шавад?

— Ҳа! Гуфтушунид! Гуфтушунид бо туркманҳо!

пешина
аз 328
навбатӣ