Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Барои ҳамин ҳам мо аз ту, Гулибеф де Блоквил, ҳаритан аниқтарини ҳамаи ҷоҳҳо, ҷӯйборҳо ва чашмаҳоро интизорем. Ин ҷо замин не, об бор меорад! Барои ин ба ту ҳаққи калони амал ваъда шудааст ва ман фикр мекунам, ки...
— Агар иҷозат диҳед, ман ҳамин... бадбахтҳоро кушоям.
— Озод бикун, озод бикун,— лабханд зад шоҳзода, ба соки мӯзааш бо қамчин оҳиста зада, калавида-калавида ба назди рамаи гӯсфандони фарбеҳ, ки онҳоро аллакай тақсим мекарданд, равона шуд.
Зуд торикӣ дамид ва Блоквил ба хонача даромада, дарҳол одамонро дида натавонист. Пайкари таҳқиршудаи Огуҷерени бадбахт, ки шаклашро гум карда, ба шикастатӯдае мубаддал гашта буд, сафедӣ мекард. Франсуз латтапорае ёфта тани урёни ӯро каме пӯшонд. Сипас ба назди мӯйсафед омада, банди ӯро бурид. Чӯпони пир калавида барои нағалтидан аз панҷараи тарим қапид. Франсуз хост ба ӯ ёрӣ диҳад, лекин мӯйсафед бо нафрат дасташро кашида гирифта, лаънат хонд.
— Ман гунаҳкор нестам....— зери лаб гуфт Блоквил ва сӯи Мамад рафт.
Бандро бурида, дар дилаш фишореро ҳис кард, зеро дар пеши ӯ рӯ не никоби сиёҳе менамуд. Лекин Блоквил ҳеҷ тасаввур карда наметавонист, ки ҳозир чӣ мешавад, фақат одамро аз банд раҳо карда буд, ки ӯ ғалтидан гирифт ва Блоквил ҳам ӯро дошта натавонист. Вақте ки ҳам шуда, набзи ӯро санҷид, ҳамаш маълум шуд — қалб бори шармандагиро бардошта натавониста буд.
Блоквил аз хонача баромада, ба ҳар тараф чашм дӯхт. Дар болои қаторкӯҳи Хуросон ахтаре чашмак мезад, тирагии осмон гӯё поён фуромада буд, сояҳои салқин тиратар мешуданд. Пешакӣ ҳис кардани ҳақиқате, ки тамоман наздик буд, ботини Блоквилро фаро гирифт. Ӯ хомӯшона ба осмон нигоҳи ҷиддӣ дӯхт, лекин дар худ ба ҷуз ташнагии эҳсоси зистану зистан чизи дигареро пайдо накард... Шоҳзода бо наздиконаш сӯи ҳиргоҳи сафед, ки дар қуллаи тал ҷойгир карда буданд, асп медавонд. Борони сурҳаш ҳангоми говгум сиёҳча менамуд. Эҳсоси ошӯби сиёҳе тамоми ҳастии фаронсузро фаро гирифта буд. Оғози юриши ҳарбиро дар он ҷо — дар Теҳрони тамоман дигар хел тасаввур мекард.
Вақте ки дар миёнаҳои апрел бо шакли мунтазами

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё