Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дар теппачаҳои атрофаш мурғон дона мечиданд, нигоҳ кард. Падараш паҳлӯи оташдони лойинии сердуд, ки дар он деги калонеро гузошта барои мурғон ҳар гуна хӯрдани мепухтанд, нишаста шоҳчаҳоро мешикасту ба оташ меандохт. Ӯ бо дидани писараш хурсанд шуд, ожангҳои рӯяш, ки дар чеҳрааш доғи пириро оварда буданд, ба табассум моил шуданд, аммо дарзамон беқарор ҳам шуд.
— Чӣ шуд ба ту, бачам? Ё касе таъқибат кард?
— Дар хона... омад.
Падараш асобағалашро кофта, ба зӯр аз ҷояш хест. Рост шуда андаке ба замин нигариста сарашро бардошт:
— Бачам...
Чашмони ғамборе ба ӯ менигаристанд ва чӣ кор карданро Пӯлод надониста худро ба шиками ӯ ҷавс кард. Бӯи арақи мардона аз ҳама муҳимаш падарашро ӯ омехта ба бӯи тамоқуву дуди ғализаш, ва сарашро сила кардани дасти падарро эҳсос мекард. Дар чашмаш ашк набуд, танҳо андӯҳе буд номафҳум...
— Бачам... Ту фаромӯш накун, ки ман падари туам... як умр, фақат маро ҳаргиз аз ёдат набарор...
— Намехоҳам... Ман бо ин марди бемӯй... ман чизе нагуфтам. Ӯ худаш...
— Медонам. Хайр чӣ илоҷ, бачам? Пас бо модарат кӣ мемонад... бо он якрав!.. Ту ба ҳоли ӯ раҳм кун, охир ӯ... Ӯ ҳамин хел буду мемонад. Мову ту бошем боз албатта дидор хоҳем дид. Ту барои ман мактуб навис хуб бачам? Ман интизор мешавам, ҳамеша интизор мешавам... Чӣ, ҳозир меравӣ?
Пӯлод имои сар кард, дилаш тах зад ва хост гиря кунад, Падараш ҳам шуда мӯйҳояшро бӯсид, сахт дар оғуш кашиду баъд аз ӯ дур шуд.
— Бирав, зеро модарат танҳо аст... Ҳа, мактуб навис. Ман ҳамеша падари туам. Бо онҳо ҷанҷол накун... ин лозим нест. Бирав, бачам, мард бош. Ҳамеша мард бош!
Пӯлоди андӯҳгин ба ӯ нигариста бемадорона бо овози кӯдакона:
— Ман... ман менависам, ота.
Баргашту рафт, зеро падараш гуфт, ки бояд мард бошад. Аммо тоқат накарду роҳравон боз ба қафо нигарист. Дуди оташдони азёдрафта чун абр падари ба асобагал такядодаашро дар хеш печонд. Дуд чашмонашро

пешина
аз 328
навбатӣ