Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

месӯзонд, аммо ӯ онҳоро пок карда, ба Пӯлод рӯ овард: яъне ҳеҷ гап не, бирав...

— Куҷо гум шудӣ... Ман ин ҷо дар кор сӯхтаму ӯ бошад чун Оғои аблаҳ дар куҷои дигар мегардад!...

Модараш беқарории бисёр мекарду халос: аммо сари вақт ба ёдаш расид, ки овозашро паст карду ҷониби хона нигарист.— Бирав, анбонатро ғун дор. Ва хомӯш нашин, бо амаки Ялқоп гап зан... боодобона гап зан.— Пӯлод нобоварона, чун бегонагон ба хона ворид шуд. Ялқоп кулоҳи хокистариашро аз сар гирифта мисли соҳибихона сари дастурхон нишаста чой менӯшид. Аҷиб, ки мӯи сараш пеши чашмашро намегирад, ҳангоми чойнӯшӣ ӯро халалдор намекунад андешид Пӯлод. Бина худашро гирифтори чунин хандахариш кардааст... Ба он лаҳзаҳои андӯҳбор нигоҳ накарда бо кунҷковӣ, ба ин одам зеҳн мемонд.

— Ҳа, йигит! — табассум карда гуфт Ялқоп.— Хайр, шин, чой менӯшем, зеро роҳ чандон наздик ҳам нест...

— Ҳозир. Ман аввал портфеламро ғун дорам.

— Ҳӣ, ту портфель ҳам дорӣ?! — шӯхумез гуфт ӯ, аз пиёлаи беҳтарини онҳо чой нушида.— Бинед-а ӯ аллакай соҳиби портфель ҳам будааст...

— Инро тағои Онамурод тӯҳфа карда буд.

— Ҳа, Онамурод-оғо: худаш чун тур аст? — чашмонаш дурахшиданду бо як фаҳмише нимроғ пӯшида шуданд.— Ҳа, ҳа бале агар не, пас кӣ ба хоҳарзодаи азизаш портфель тӯҳфа мекардааст. Тағои ту одами хуб аст!

Пӯлод, чун дар идораи шӯрои деҳа, бо аломати ҳайронӣ китф дарҳам кашид. Хайр албатта ки хуб аст, вақте портфел тӯҳфа кардааст. Бигузор нав ҳам набошад, лекин бабардошт ҳаст ва занҷиракаш ҳам тозаву ҷилодор. Чунин портфедро касе надорад. Ҳама бо анбонҳои дастдӯхт, ки аз ҳар матои пешомад тайёр мекарданд ба мактаб мерафтанд. Пӯлод лаҳзаҳоеро ба гӯшан хотираш овард, ки соли қабл ин портфелро тағояш гирифта буд ва хелеву хеле шоду хушбахт буд. Ва бигузор ки онҳо дар аввал аз ҳама камбағалтар буданд, аммо чунин портфелу камзӯлчаи махмалини ӯро, ки тағояш тӯҳфа карда буд, дар Гоҷук касе надошт... Не, тағояш хуб буд, ҳама аз ӯ метарсиданду эҳтиромаш мекарданд.

пешина
аз 328
навбатӣ