Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
буд ба туркмане, ки ба гумон то миёнбанди ӯ мерасид, итоат кунад.
— Бигӯ писарам, — мӯйсафеди тақсимотчӣ ба туркмани пакана муроҷиат кард, — худат ин азимҷуссаро қапидӣ ё аҳли авул якҷоя?
— Яшулӣ! — бо ғазаби наҷибона туркмани пакана дастонашро сӯи осмон бардошт. — Меранҷонӣ, маро меранҷонӣ! Барои ман як форс чӣ аст? Ҳаминро ҳам гирем! — ва ӯ бандро тез силтав зад. — Ман бист нафари ин одамони осиро аз сарашон маҳрум кардам... ман бо худи ҳамин шамшер, магар онҳоеро, ки аз пойҳояшон гирифта, аз зин ба хоку чанг чаппа ва баъд зери пои аспам кардам, ҳисоб кардан мумкин аст?! Ва мисли ин боз панҷ нафари дигарро шахсан худам асир гирифтам, ки қадҳояшон қариб, ки паст набуданд ва ҳатто — ӯ ба асир нигариста, чашмонашро синҷикорона нимрӯғ кард, — мумкин аз ин ҳам калонтар буданд.
— Онҳо дар куҷоянд? — овоз баровард касе аз издиҳом.
— Дар куҷо? Писарам, онҳоро ба одамони мисли ту тақдим кардам, ки дар ҳаёташон чизеро ғайри ӯраки гарм надидаанд. Як форсро бошад аз куҷо меқапанд.
Охир гуфтаанд-ку: аз тӯй лукмае ҳам хуб аст. Ақнун хоҳанд бигузор фурӯшанд, нахоҳанд бигузор кор фармоянд. Ман бошам аз худамро маҷбур мекунам! — ва гӯё барои тасдиқи суханҳои ҷиддии худ бошад, ӯ камчини мисли худаш хурдакакро пеши рӯи асири бузургҷусса алвонч дод. — Тез роҳ гард, ба ту мегӯям!
Лекин вай ногаҳон аз ҷояш начунбид, ранги рӯяш аргувонӣ шуд, бурутҳояш ҷунбиданд, чашмонаш милтирос заданд. Ӯро кашидани туркмани пакана ҳатто бо тамоми қувва беҳуда буд. Нохост ханда баланд шуд.
Ва туркмани пакана ин дафъа бо камчинчааш ба китфи форс зада, бадкаҳрона дод зад: «Кани!» Лекин асир худро кашид, банд канд ва дастони азим сӯи туркмани пакана дароз шуданд. Лофзан зуд худро байни издиҳом гирифт ва ҳама аз таҳти дил ба ҳоли ӯ хандиданд.
Асир бошад аз ақиби ӯ нигариста оҳ кашиду гуфт: «Маро ту не, гиряи кӯдакони ту асир карданд». — ва дастони варамидаашро совиш дода, оромона сӯи гурӯҳи наздиктарини мисли худаш асирон равон шуд.
Дид, ки хатар басанд шуд, туркмани пакана аз издиҳом баромада, гӯё чизе рӯй надода бошад дастонашро

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё