Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
аз пушти дар сулфа зад. Занҳо безобита шуданд ва касе овоз баровард: «Оҳ, омаданд!..» ва сарбандҳояшонро ба тартиб дароварданду бо нуги онҳо даҳону бинияшонро пӯшонданд. Пӯлод дид, ки модараш шармида-шармида фаранҷиро ба сараш кашиду рӯяшро андаке аз дари даромад гардонд.
Аз се мӯсафеди воридшуда якеаш аввалин шуда бе саломалейк шурӯъ кард:
— Келинҳо ҳама хубанд? Шукри худо... — Ва ҳамоно бо суханони номафҳуми печдарпеч ба Пӯлод рӯ овард: — Он ҷо сӯфӣ, ин ҷо сӯфӣ, ҳазрати Имом ба ин мӯсафедони бечора...
— Ту бояд биравӣ, — зани холдор оҳиста ба Пӯлод рӯ овард ва худаш даст ба китфи зани дигар ниҳода барои ӯ аз ҷониби дар раҳ кушод. — Пеши Илхон рав, ҷои хобатро паҳлӯи ӯ омода кардаанд...
Пӯлод вориди торикии шаби ҳавлӣ шуд ва аз ҳавои тоза чуқур нафас кашид, ки дар Гочуки онҳо ҳам ҳавои соҳили дарё чунин форам буд. Лаҳзае нагузашта буд, ки овози Ялқоп баланд шуд:
— Ҳа, ҳа, ин тӯй?.. Ба хона даро вақти хобат расид...
Аз нури рӯшану чашмгири чароғи ҳавлӣ Пӯлод аввал чизеро надида ба сӯи хонае, ки навакак баромада буд роҳ гирифт. Пас дар ҷояш шах шуд. Охир читур хоб мерафт, вақте ки он ҷо модарашро никоҳ мекарданд?.. Модаре, ки дар бораи никоҳаш бо падари ӯ нақл карда буд. Охир ӯ-ку падари худаш буд. Ин ҷо бошад кадом як марди бегонаву номаълуми бадҳашм, ки нисбати Пӯлод худашро меҳрубон нишон медиҳад, аммо... Не ин ҳама чӣ нохушие дошт, аммо чӣ хел буданашро Пӯлод намедонист. Ва гап-гапи дохили хона ҳам ба гӯшаш мерасид, барояш нохуш буд, зеро бо ҳама пинҳонӣ шармовар буд. Ва модараш сабабгори ин ҳама шармандагӣ, ки падарашро он ҷо, зери он абрҳои сафед, дар хонаи худ мондаву ҳам аз Пӯлод фаромӯш карда буд.
Мардон ҳам дохили хона шуда, баланд садо мекарданду механдиданд, ки ӯ ҳам дигар шарм накарда пушти дар меистод. Чӣ дигаргуниҳое ӯро дар ин як рӯз аз сар нагузашт, ки дар назараш ба ҳафтаҳо баробар шуда буд, ва ин саҳаре, ки ӯ бо падараш худоҳофизӣ кард, дигар дури дур монда буд... Ӯ аз ин рӯз, аз ин таҳои ғамбору аз ин одамони бемеҳру бароишон бегона, аз модари ноҳақаш, ки кайҳо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё