Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Не, — бо таассуф гуфт модараш, — хонаи Отамурод имсол чӣ ки соли оянда ҳам рафтан лозим нест, — ӯ хашмгин мешавад...
— Ана чӣ хел... Хайр, ҳеҷ гап не, зора намекунем, худи вақт нишон хоҳад дод, ки кадомашон ҳақу кадомашон ноҳақ. Аммо бародари хурдият умедворам, ки аз хешӣ ба ман ор намекунад?
— Хурдияш ор намекунад, — табассум кард Норточ — ӯ одами мефаҳмидагӣ-кӯ!..
— Вай нафаҳмад, кӣ мефаҳмад! — меҳрубонона ба гуфтаҳои ӯ розӣ шуд Ялқуп, ки баъди хӯрдани нон, қаҷпаҳлӯ истироҳат мекард.
— Агар ӯ нодон мебуд, ба чунин мансаб мерасид? Не, ин ҳама беҳуда нест... Хайр, чӣ Пӯлод, пеши ӯ меравем? Мо ҳам агар як бор бо калоншаванда дастакӣ салом кунем, айбе нест?. Зеро онҳоро аз дур мебинему халос дар маҷлису минбарҳо ва дар чойхон...
Пӯлод чӣ ҷавоб доданашро надонист. Ӯ албатта муқобил набуд, ки ба шаҳр раваду тагояшро бинад, — охир ба чунин кор кӣ майл надорад? Аммо чӣ тур мешавад ки бе модарак...
— Ё шояд каме интизор шавем мардак? — бо ҳайронӣ гуфт модараш. — Бигузор ақалан як моҳ гузарад. Дарҳол... Ба фикрам хуб нест...
— Ҳама хубнаш баъди тӯй хоҳад шуд, — бо ханда гуфт Ялқуп ва маълум ки аз худ розӣ буд. — Баъди тӯй ҳамааш қонунӣ...
Ва чаро модараш.. ӯро боз «мардак» гуфт? Чаро онҳо механданд? Пӯлод хашмгин шуд.
— Хуб шудааст, занак, метавонем, ки баъди як моҳ, як моҳаш ҳам оби равон барин...

8

Ва ҳаёти нав ҳам оғоз шуд. Вақт ҳам бо ин ҳама шиносоиву одаткарданҳо зуд гузашт. Маълум ки зиндагии ин ҷо аз Гочук ҳеҷ болой надошт; Одамон ҳам дороии ҳамсанг доштанд. Кор вазнин буду нон намерасӣ- д. Ва бонувон бо андӯҳу одати чандинсолаи хеш аз субҳ боз дар андешаи дастурхони ҳафтаҳо холӣ ва сер кардани оилаҳо фурӯ мерафтанд. Ва он ризқе ки пайдо мешуд албатта насиби даҳони кӯдакон ва пирон буд... Нақши гушнагии ҷовидонро, ки дар чеҳраи бачагони Гочук дида буд, дар симои ҳаммактабиёни

пешина
аз 328
навбатӣ