Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

наваш ҳам ҳувайдо буд ва солҳои баъди ҷанг ҳам нақши онро аз миён бурдан намехостанд...

Росташ, ки дар хонаи Ялқоп Язлиев (ному насабашро чунин мегуфтанд) дастурхони бенону куттии оҳанни зебо, бечой намемонданд. Кори соҳибхона, чунон ки калонсолон мегуфтанд, ҳар ҷо ки моли хуби фондаовар аст, аз они ӯст. Аммо Пӯлод ҳеҷ намефаҳмид, ки аз ин тудаи пашмҳои чиркини дар оғили бадбӯй ҷамъ шуда, чӣ фоида бошад. Ҳатто гоҳо гӯшт ҳам пайдо мешуд, ки Ялқоп аз куҷое шабона пинҳонӣ меовард. Хулоса онҳо ҳаргиз гурусна намемонданд, чунон ки дар кулбаи Гочуқинашон.

Дар мактаб ҳамроҳи Холбика марди кӯзпушти қоматбаланде ки дар тан пиджаку ду орден дошт ва дар дасташ ба ҷои панҷаҳо чор ангушти бурида менамуданду халос, вориди синф шуда, ӯро ба хонандагон шинос кард.

— Дар синфи шумо акнун хонандаи нав омад, — каме сулфида ва бо чашмони андаке тирааш ба хонандагон рӯ овард ӯ.— Номаш Пӯлод ва маънои ин ном ба шумо маълум: яъне оҳан... аммо насабаш Язлиев, дуруст? — Ӯ ба муаллима нигаристӣ муаллима номаълум сарашро ҳам кард.

— Рафиқи нави шумо номи хуб дорад ва ман умедворам, ки ӯ бо рафтору хониши худ хубии номашро нишон медиҳад. Ва шумо ҳам, бовар дорем ки ному насаби худро хорузор намекунед, зеро ба ҳамаи мову шумо рафиқ Сталин бо умед менигарад...

Пӯлод дар пеши тахтаи синф рост истода аз ингоҳи хонандаҳо даступо гум карда буд ва наметавонист бигӯяд, ки ӯ на Язлиев, балки Паҳлавонов аст... Охир чӣ тур бояд гуфт? Вақте, ки Ҷумъа Сафаров, (ному насаби мудири мактаб чунин буд) аз доҳӣ ёвар шуд, андешаҳои Пӯлод ба он банд шуданд, ки борҳо фикр карда буд: Охир ин бобои Сталини ки ӯ дӯсташ медошт, дар Кремли дурдаст нишаста чӣ тавр метавонад, ки ҳамаро бинаду донад? Зеро охир ана Пӯлод ҳоло намедонад ки падараш ё тағои Отамуродаш, ки начандон аз ин ҷо дур мезистанд, ба чӣ кор машғуланд. Ва наход бобои Сталин донад, ки бачае бо номи Пӯлод асту дар даҳани бегонае зиндагӣ дорад ва бояд ба рафти зиндагии он ҷо одат кунад. Ин бароиш номафҳум буд ва Пӯлод кайҳо пай бурда, буд ки калонсолон инро барои он мегӯянд, то хурдсолон ба гуфтаашон гӯш диҳанд...

пешина
аз 328
навбатӣ