Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
Ӯ гуфта буд, ки ба норасогии умумии мо ҳар кас алоҳидагӣ ҷавоб хоҳад дод...
«Хайр, чӣ бояд кард — қоил шавам? Охир, ин номардӣ мешавад... бале номардӣ, баъд ҳама номардат ном мебарад. Ана дар китобҳо ҳам «номардони лаънатӣ» менависанд-ку... Аммо вай... Павлик Морозов? Не, лозим не... номарди бадтар аз... Ҳама механдаданду масхара мекунанд... Аммо дар хона бошад, ҳатто модараш... читур аз ӯ пуштибонӣ хоҳад кард? Ҳо Илҳони лаънатӣ-е!..»
— Боз мепурсам, қоил шавед, ки қалами Валиевро кӣ гирифт? Дар як мактаб хондану якдигарро дуздидан ин беинсофист. Беинсофӣ!..
Синф ҳамоно хомӯш буд!
— Ху-уш... қоил намеравед? Дунафарӣ анбонҳоятонро гирифта пеши тахта бароед! Мебинем... тафтиш мекунем, вақте ки касе аз шумо дузд аст! Тамоми мактабро меканему меёбем, зеро роҳи дигар надорем! Ва ҳамин тур шармандавор мегардед...
Ду нафари аз пешиншастаҳо наздики тахта баромада анбонашонро нишон доданд. Ҳолбика, ҳамроҳ шуда ба Сафаров нигаристу нобоварона анбонро кушод — аммо аз анбонҳои бечоралонаи шогирдони ӯ чӣ ҳам мерӯид? Ду донагӣ дафтарҳои худсохти аз варақҳои зард ва чӯбакҳое ки перо дар онҳо бо ришта васл шуда буд, ҳатто китоб ҳам надоштанд... Мудир анбонҳоро зуд аз назар гузаронд ва ба дасти хонандаҳо дод ва ба ҷайби хилъати ишон ҳам нигоҳе кард, аммо дар ҷайби онҳо қалам ҳам ҷой намегирифт... Бачае, ки дар пеши муаллима меистод бо чашмони калонаш мижа мезаду лабонашро каҷ карда қариб буд ки гиря кунад...
Пӯлод дигар тоб наовард дасташро ба портфель андохта қаламро пайдо карда пеши тахта баромад. Ва ба касе нигоҳе ҳам накардӯ онро ба мудир дароз кард. Пойҳояш меларзиданд ва ӯ аз он метарсид, ки холо ё замони дигар меафтад. Хомӯшие, ки ҳукмфармо буд ба хашму нохушӣ бадал шуд.
— Ху-уш... — мудир ин вожаи дӯстдоштаашро дарозтар кашида аз чунин рӯйдод андаке ошуфта ҳам шуд. — Ана чӣ хел... талабаи нав. Ху-уш... ту чаро инро гирифтӣ?
Пӯлод нигоҳашро аз фарши хокӣ наканда, ҳамоно хомӯш буд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё