Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ман гуфта наметавонам — сарашро бардошта беҷуръатона гуфт Пӯлод. — Ман қасам ёд кардам. — Ӯ дурӯғ гуфт, ки қасам ёд кардааст, зеро дигар чӣ гуфтанашро надонист. Дар ҳамин лаҳзаҳо мехост, ки дар берун бошаду аз ҳавои тоза озод нафас гирад, зеро медонист ки на ӯ...
— Хайр мехоҳӣ, ки, ман худам қасам ёд мекунам, ки ба касе намегӯям, — чун бачаҳо сари ӯро гаранг кард Сафаров. — Оё ҳамон бародархондат не? Хайр чӣ хомӯшӣ?
Холбика оташ гирифта ба поён менигарист, аммо мудир танҳо аз Пӯлод нигоҳашро бардошт.
— Хӯ-уш, яъне намегӯӣ? Хайр ихтиёрат... Лекин ӯ бошад ҳамчунон дуздида мегардад, ҳа?
— Дигар намедуздад — бо боварӣ ҷавоб дод Пӯлод.
— Намедуздад? — бори аввал саҳл табассум кард мудир сар ҷунбонда. — Бо ту чӣ ҳам мекунем, хайр бирав...
Илхон албатта, ки аз рӯйдоди имрӯза дар хона лаб накушод, зеро ҷанҷол шуданаш мумкин буд... Аммо модараш, ки дар ҳавлӣ саргарми аловмонии оташдон буд, ба ӯ нигоҳи саволомезе карду гуфт: «Ҳозир чоштро тайёр мекунем» — ва дохили ганчурхона шуд. Пӯлод пеши дар ба бародархондаш рӯбарӯ омад. Ӯ мехост аз хона баромада равад, зеро ҳар гоҳ гуноҳе содир мекард ҳамоно ғайб мезад, аммо ин дафъа бахташ натофт. Пӯлод пеши роҳашро гирифту мушташро ба ӯ нишон дод, ки тарсида ба хона даромад. Қаламдонро ҳам дарҳол пайдо кард. Дигар ҳарфе назада Пӯлод рӯи ҳавлӣ баромад ва Илхонро аз пушташ хонд. Ӯ дигар ба ҷуз баромадан илоҷе надошт. Модараш наменамуд ва Пӯлод қаламдонро ба оташдон, зери дег ҳаво дод. Кандакориҳои рангоранги қаламдони чӯбӣ дар оташи тези оташдон дарҳол сӯхт ва оташаш таҳи дегро лесида гузашт, пас Пӯлод чанд шоҳчаи чӯби хушкро аз болои он тела дод. Илхон ба ин ҳама ки ҳарисона менигарист, танҳо боре лабонашро қаҷ кард...
— Чӣ, ба пухтанаш тоқат надоред? — шӯхиомез гуфт модараш ва вориди хона шуд. — Тоқат кунед, ҳозир тайёр мешавад...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё