Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
калонсолон ба онҳо дода буданд, дар дастҳои арақкардаашон фишурда, даври ӯ ҷамъ шуданд. Ялкор дуди тамокуяшро фурӯ бурда табассум кард:
— Эй, эй, Ҳиммат-ого, мебинам, ки Қорун шудаӣ! Истаконат хеле калон будааст, майдатарашро наёфтӣ магар?...
Мӯсафед ҳазли ӯро беҷавоб гузошт.
— Эй, ту кар шудан магар — худро нигоҳ дошта натавонист ӯ.— Истакони майдатар наёфтӣ, мегӯям туро... пушти нохун барин-а?
— Эҳ-хе, бародар, Ялкоп, чун ҷумчаи ношуста ба ҳама табақ медароӣ...— ва чашмони хурди тезбинашро боло карда, сар ҷунбонд мӯсафед.— Ман-ку пӯсту пашми туро бо роҳбарон қисмат намекунам, ту ҳам ба кори ман даҳолат накун. Кадуҳоям ҳам барои ман аз гӯсфанди ту дида азизтаранд... Ана бин, як танга ҳам кор накардему ба ҳадди як сӯм гап задем...
— Не, бо Ҳиммат-ого сарбасар шудан хуб нест, вагарна беназар мемонӣ...— тамасхӯр кард кадоме ва ба хандаи ӯ ҳамовоз шуда ҳамагон ба Ялкоп нигаристанд. Ӯ дарҳол чӣ ҷавоб додакашро надонист ва хандаи сохтакоронае карда, дар охир гуфт:
— Ту ақлатро хӯрдаӣ ба фикрам Ҳиммат-ого. Гӯсфандон моли ман нестанд, балки азони давлатанд ва бо роҳбарон читур ман онҳоро қисмат мекардаам? Ту чиҳо мегӯй? Ман онҳоро ба роҳбарам ҳисобӣ карда месупорам...
— Ба нархи барраи навзод мехарию ба нархи гӯсфанди калон онҳоро мефурӯшӣ, ки ин корат ба ҳама маълум аст... Ва фарқияти бақияашро ба кӣ... оё ба давлат месупорӣ?
— Э, Ҳиммат-ого, беҳудагӯиро бас кун! — акнун бо як хашми намоён гуфт Ялкоп.— Аз гуфтаҳои ту мебарояд, ки давлати мо камбағал аст?
— Ман аз давлат ҳарфе назадам, дар бораи ту мегӯям, ки инро ҳама шуниданд...
— Одамон шуниданд, ки давлати азизи мо бой намешавад, фаҳмидӣ?! Ана ҳамин хел! Ту шояд ба ҳамин мақсад гап кушодӣ?
Риши Ҳиммат-ого ба ларза даромад.
— Ту аз пушти давлати Сталини ҷоноҷонамон пинҳон нашав, дузд,— гуфт ӯ хомӯшона ва сари ҳалтаашро бо дастони ларзон баст. Баъзе одамон аз издиҳом оҳиста-оҳиста дур шуданд, зеро чунон ки Пӯлод медид,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё