Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
худу рафиқонаш, ҳӣ читур дар Гочук колхоз сохтанду читур бойҳоро аз он ҷо ронданду яке аз он бойҳо аспи бузинашро ба мошин иваз накард, ва ҳама бойғариаш ҳамон асп буд, нақл мекард. Аммо ин аспу ин боигарӣ кайҳо азони колхоз буд. Боз дар бораи он ҳӣ ин комсомолон он боғи лаънатиро то ҳадди дар по- яш истодан камчинкорӣ карданд...
Қурбонов нақл карда бо чашмони шарарбораш ба Пӯлод менигарист ва гӯё танҳо барои ӯ нақл мекарда бошад ва Пӯлод аз ин завқ бурда пинҳонӣ ифтихор ҳам мекард. Ва шояд аз ҳамин рӯ касе чунун Пӯлод бо- диққат ба муаллим гӯш намедод ва касе ҳам чун ин шогирди дӯстдораш дарсашро хуб намедонист...
— Паҳлавонов, ту ҳамин ҷо? Ту чаро салом наме- кунӣ, ё шояд муаллиматро фаромӯш кардӣ?
Пӯлод парешонхотир шуда ба қафо нигарист ва бо- лои сараш муаллими хандонашро диду дуртар роҳбаро- ни омодаи рафтанро. Онҳо мегуфтанд, ки савори моши- не омада буданд, вале мошин дар идораи колхоз буд ва боз намехостанд, ки чаширо гузошта раванд...
— Салом муаллим...
— Салом Пӯлод, салом! Кадом бод туро ба ин ҷоҳо овард?
«Муаллимро фиреб дода — падару модаратро ҳам фиреб медиҳӣ, падару модаратро фиреб дода, маълум, ки Ватанро ҳам фиреб хоҳӣ дод...» мегуфт ҳамеша Қурбонов.
— Мо... ана... ба ин ҷо кӯчидем.
— Ҳа? Хайр чӣ... ҳеч гап не. Хуб мехонӣ? — Ва ин- тизори ҷавоб нашуда бо як навои боварибахш гуфт:
— Бовар дорам, ки хуб мехонӣ. Падарат чӣ тур — хубаст? Аз номи ман ба ӯ салом бигӯ!..
Пас даст бар китфи Пӯлод гузошта сар ҷунбонду пеши шариконаш рафт, ки дар он миён сардорашон на- заррас буд.
Ӯ хеле хуш буд, ки Қурбонов дигар ҷавобашро ин- тизор набуд, аммо бо андешаву нигоҳи ошуфта муал- лимашро гусел кард. Не, ба ин хел одам ҳамаашро рост гуфтан аз рӯи одоб набуд. Пӯлод гумон кард, ки акнун ӯ ҳама саргузашти талабаашро дигар хел мефаҳмид...
— Худаш хӯрду барои мо чизе нагирифт, — гуфт дар бораи падараш Илҳом, ки дигар аз он ширниҳо ҳам начашида буд. Аммо барои донаи каду ба ҳар ҳол тан- га пурсид ва онҳо ба он ҷо рафтанд, ки кадудона фурӯхта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё